Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хабар гирифта омад. Дар хона одамони низомипӯш дарою баро доштанд. Аз худашон дили пурсидан накарда, ба хонаи Раҳими қассоб даромад. Зани Раҳим гуфт, ки хонаро навдавлатон аз худ кардаю коргоҳи нозирот кардаанд. Ва боз гуфт, ки бародари Низом махдум Давронро одамони асҳоби одил (шуъбаи махсус) зиндон карданд. Сабаб дар он будааст, ки бо бародарашон Низом-махдум хат кардаю хат мегирифтаанд. Занак оби дида карда, афзуд: - Ин рӯзи сиёҳи моро дидет? Ҳатто ба бародарат дуюю салом расондан душманӣ будааст.

Мансур, ки аламу озори хонаи аздастрафтаро медонад (занаш Бибигул то дами марг умеди баргардондани хонаро дошт. Худаш ҳам ҳарчанд гоҳе мегӯяд, ки аз баҳраш баромадааст, дурӯғ мегӯяд), аз ин рӯ, дурӯғро маслиҳат дида, бештар ҷониби Низом-махдум нигариста гуфт:

  • Рӯзи дувуми ба Бухоро расиданам хонаатонро рафта дидам. Дару девор ҳама дар ҷояш. Дар дараш як қулфи калон овезон.

  • Мо қулф надоштем. Занҷир карда раҳақӣ шудем,-гуфт Низом-махдум ва озмоишкорона ба Мансур зеҳн монд.

  • Шояд ҳамсояҳо қулф андохтаанд, касе надарояд гуфта, -Мансур сир бой надод ва то ки вазъашро пинҳон дорад, пои дардмандашро молиш дода, ғур-ғур кард: - Вақтҳои охир як поям сахт дард мекунад. Яқин, оби хунуки дарё таъсир кардааст. Ва мавзӯъро дигар кард: -Раҳим-қассоби ҳамсоятон ду сол шудааст, ки дар ҳамин тарафҳо будааст. Занаш гиря карда гуфт, ки рафтиаш хуб шудааст. Ин ҷо ними ҳамсояҳоро ба ҷурми «ту ҷадид, ту силоҳ доштай, ту хеши амиру вазир» гуфтаю хонаҳошонро мекобанд, чизе маъқулаш шавад, мегиранд. Муқобилияткардаро зиндон мекунанд.

  • Қулфашона шикаста медароем,-Садаф ин суханро гуфта хандид.

  • Занашон нагуфт, ки дар куҷои Афғонистон будаанд?-пурсад Шарифҷон. -Пайк намефиристоянд?

  • Ду нома фиристодааст. Лекин ҷояшро нагуфтааст.

  • Дидед рангу намуди инқилоби овардаатонро?! - Ҳабиба бо ғазаб ҷониби шавҳараш нигарист.

Низоммахдум ба занаш эътибор надода, ба Мансур синчакорона зеҳн монду пурсид:

  • Аз бародарам ҳам хабар доред? Шаш моҳ зиёд шуд, ки на ба хат ҷавоб мегардонад, на аз худ дарак медиҳад. - Ӯ дар гуфтори рафиқаш духӯрагиро пай бурда бошад ҳам, сир надода истод.

  • Ростӣ, хонаи додаратон нарафтам, - Мансур пояшро сахт-сахт молиш дода афзуд: - Низоммахдум, дӯсти азиз, ҷони гап ҳамин, ки Бухоро он Бухорои пешин не: кӯчаву бозору корхонаҳоро шапкапӯшу чарминпӯшу кафанпӯш зер кардааст. Дар миёнашон наган тайёр. Аз як нигоҳашон дилатро ваҳм зер мекунад. Дар он Бухоро дигар на овози азон ҳаст, на масҷидравӣ. Ҳама хомӯшу чим-чит, харобазор, шаҳри мурда.

  • Бухоро Бухорои ислому илму адаб буд. - Янгаи Ҳабиба оби дида кард. - Мардумонаш бадину бахаё буданд. Кӯчаю дарашон рӯфтаю озода буд...

  • Чӣ хӯрок пухтӣ? - Махдум ба занаш рӯ овард.

пешина
аз 613
навбатӣ