Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
гирифт. Дар ин атроф боз тоҷирону косибони номдор мезистанд. Баъзе аз баҳри хонаю дар баромада, асоро ба рушноӣ заданд. Онҳое, ки таваккал ба Худо гуфта интизор истоданд, ҳатто онҳое, ки бештар ҳаводори инқилоб буданд, истисморгар буданд гуфта аксарашонро парронданд, касе шиносе ёфта пулу чиз дод, ба зиндон фиристонданд ва хонаҳошонро давлатӣ кардаю соҳиб шуданд. Ҳасан низ пештар як қисми чизу чораашро бардошта, ба кадом тарафе рафтааст. Дар пайҷои ҳавлиҳои он сӯи роҳ панҷ ҳавлии навсохт намоёнанд. Деворҳои атрофашонро ду қади одам бардоштаанд. «Ҳар харею саворе». Маълум, ки навдавлатон хонаро бо завқи худашон месозанд. Насле ба тазби дил нишемангоҳ карду дар он тӯю маърака баргузор кард, гармию сардии ин ҷаҳонро диду рафт, акнун навбати насли дигар ва диду дӯхти дигар.
Замоне, ки Мансур дар мадраса мехонд, ҳар рӯзи ҷумъа дар ҳавлии Саидмурод деҳҳои мисиро монда, барои толибилмон таом мепухтанд: то чорсад нафар, ҳатто зиёдтар, он ҷо хӯрок мехӯрданд. Як тамошои ҳавлӣ чӣ қадар ҳавасатро меовард. Аз Чину Русия наққошҳо оварда, дар вассаю болорҳо нақши гулҳо партофтаанд. Дар деворҳои гачкорӣ сурати сайду сайёдҳо, дарёву саҳроҳо ва кӯҳу чашмаҳоро кашидаанд. Чилои рангҳо чашмро мебурд. Агар гӯем, ки зиндагии он вақт тираву тор буд, чунон ки ҳоло такрор ба такрор мегӯянд, носипосӣ мешуд. Пешравии илм набуд, мо розӣ. Лекин дар Самарқанд баъди ҳамзистӣ бо русҳо кӯшишу талош ба пешравӣ шурӯъ шуд. Донишмандону шахсони ватандӯст китобҳо навишта, роҳ нишон доданд. Аз ҳар тараф ҷавонҳои баномус сару садо баланд карда, дар пайи татбиқи пешравию тараққӣ шуданд. Гурӯҳе дар пайи газебарорӣ, гурӯҳе дар орзуи корхонаю завод сохтан ва дигар корҳо шуданд. Як расми хотирмони он замон баргузории тӯйи сунатии (тӯйи хатна) фарзандон буд. Ҳама дороён фарзандонашонро тӯйи хатна мекарданд. Як воситаи худнишондиҳӣ ё ба фаҳмиши он замон номбардорӣ, ҳамин тӯйи хатна буд. Аз ин саққат баъзе камбағалони, ба қавле говҷигар, ҳам ақиб намемонданд. Овозаи фалонӣ тӯйи хатна мекардааст, ки мерафт, мардум он рӯзро бо як шодии махсус интизор мешуданд. Баъдан як сол аз соҳибтӯй ва воқеаҳое, ки дар он рӯзҳо рӯй дода буданд, дар суҳбату нишастҳо ёдёрӣ мекарданд. «Нодири заргара нонаш аз меҳнати ҳалол будааст, тӯйи хуб кард. Дастархонаш пур буд. Солимашро ҳам муддаои табъ монд. Худаш, ки марди чеҳракушода аст, рӯзҳои тӯйаш низ офтобӣ шуданд». Сипас сӯҳбат атрофи човандозҳо ва аспҳои корнишондода мерафт.
«Муллоасади гузари Ҳавзи Баланд се маротиба улоғро баровард. Аспаш ҳам асп будааст-дия!»
«Абдурасули даҳбедӣ аз вай бартарӣ дораду камӣ не. Дар болои асп чунон менишинад, ки мегӯӣ боз аст.»
«Фаридуни худамон чӣ? Ду солими гирифтагеша як хар базӯр бурд. »
«Аз Фаридун дида писарамакаш Шоҳрух зебо метозад. Як даст баровардӣ як аспи пеши галоро гирифт».
«Солими аз ҳама баланд, ки бист тиллои Бухоро буд, Рауфи Чиззахӣ гирифт.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё