Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин гуфтугузорҳо аз давраҳо ба хонаҳо мерафту ҳамаи мардум огоҳ мешуданд: кадом ҷавон чавандози номӣ шудааст, аспи кӣ дар ҷои аввал меистад, аспи кӣ ҳангоми буз бардоштан ба соҳибаш ёрӣ мерасонад (дасташа ҳам мекардааст). Занҳо бошанд, аз якдигар таҳқиқ мекарданд: он ҷавони човандоз фарзанди кӣ шудааст? Хешаш кӣ шудааст? Духтарҳо аз модарон мепурсиданд: «Он ҷавон чандсола шудааст?»

Зимистон тӯйҳои хабару бехабар дар маҳалла бисёр мешаванд. Оилаи Мансуриён тӯйи хабарро ду маротиба баргузор кардаанд. Тӯйи аввалро падараш барои Мансури шашсола барпо карда буд. Дафъаи дуюм Мансур барои фарзандҳояш тӯй кард. Он вақт падар ҳанӯз бақувват буд. Дар маъракаҳо камтар иштирок кунад ҳам, яке аз оқсақолон маҳалла ба шумор мерафт.

Ризқи меҳмон пеш аз худаш меояд, гуфтагӣ барин, ҳамон сол дар кори тиҷораташон пешравиҳо шуд. Аз гӯсфанд тӯли хуб гирифтанд. Заминҳои дар Даргоб доштаашон ҳосили хуб доданд. Боре, ҳангоми ки гандуми аз бод баровардаро ба чуволҳо мебардоштанд, падар озмоишкорона ба рӯйи Мансур нигариста гуфт: «Ин ҳосил хабар дод, ки вақти тӯйи бачаҳо расидааст. Насиб бошад, тӯйи калон мекунем». Мансур он вақт ба ин суханҳо эътибор надод.

Даромад-даромади зимистон тӯйҳо шурӯъ шуданду як бегоҳӣ се нафар оқсақолон маҳалла хонааш омаданд. Ҳарсе ҷомаи танга-танга ва кафщу маҳсии хром, ки он замон муд буд, пӯшидаву саллаву ғош карда омаданд. Мансур дастархон орост. Чой ки гардон шуд, Муллошариф, масҷиди гузарашонро сохтаги марди қадпасти табиатан беқарор, ба ҳамроҳонаш Ҳакимбой ва Ҳамдами чарм синчакорона назардохта матлабашонро кушод:

– Акаи Меҳрон, гӯшамон бод дод, ки шумо нияти тӯйи хабар доред.
Падар ба рӯи Мансур нигарист: «Магар сухане гуфтӣ?» Чун пай бурд, ки Мансур бехабар аст, маҳин табассум карда гуфт:

– Мо то ҳол дар ин бора на ҳарфе гуфтем, не маслиҳат кардем.
– Медонем, ки шумо ба касе сухан нагуфтед. Лекин аз ҳавои кору нигоҳатон ба атрофиён мазмун гирифтем.

Падар нигоҳаш ба дастархон хандид, меҳмонҳо низ хандиданд.
Мансур нон шикаст, ҳамзамон мушоҳида кард, ки меҳмонҳо аз рӯи падар чашм намекананд. Аз ҳар ҳарфи аз даҳонаш баромада мазмун гирифтанӣ мешаванд. Мисле ки сайёд дар камин нишаста баромадани сайдро мепояд.

Падар тибқи одаташ манаҳ хорида қадре хомӯш истоду гуфт:
– Нияти тӯй кардан дорем. Лекин...

Чеҳраи меҳмонҳо яла шуд. Ҳакимбой чойник аз пеши падар гирифт. «Чоя ман мекашам» гуфт ва ҷониби Ҳамдан нигарист: «Кор шурӯъ шуд!» мегуфт нигоҳаш.

– Ният карда бошед, он тарафи кор осон, – шодона нидо кард Муллошариф. – Дар нияти шумо ҷонам, акаи Меҳрон. Акнун ҷони гапро гӯям: имсол дар гузари Ҳавзи Баланд ду тӯйи калон шудааст. Гузари Булбулон ҳам ду тӯй доштааст. Дар дигар гузарҳо ҳам шудааст. Дар гузаромарон порсол Салими ҳамсояи мо тӯй карду худатон шоҳид тӯяш мазадор нашуд. (Мазадор вақте мешавад, ки ду-се маҳаллаи атрофро ҳам хабар кунад). Моро дигар маҳаллаҳо хабар мекунанд,

пешина
аз 613
навбатӣ