Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Гурба дар саросемагӣ бачаашро чаппа зоидааст, дар ҳаққи шумо,– Ҳамдам ҷомаашро афшонд.
– Буз гӯсфанда хандидааст, гуфтагӣ барин, худатон онсӯтар шишед, намешавад?
Ҳокимбой ҷониби падар арз мекунад.
– Акаи Меҳрон, ҳама одат мерафтаасту одати бачагӣ не. Ҳамдами чарм дар кӯдакиаш ҳам шаттох буд, худатон медонед.
– Бачагии Ҳамдам дар хотирам нест,– падар хандида ҷониби Мансур гуфт:– Инҳо, ки як ҷо шуданд, корашон бо ҳам гап партофтан.
– Харатон, ки аз об гузашт, кабкатон дар хондан даромад,– Муллошариф ҳамраҳонашро маломат кард ва ҷониби падар афзуд:– Акаҷон, мол камӣ кунад, дар оғили ман якчанд чоррию шишак ҳаст.
– Биринҷу мавиза аз ман мегиред,– гуфт Ҳокимбой.– Нимаш бепул.
– Чаро нимаш? Дар роҳ гуфтед, ки касе тӯйи хабар кунад, ҳама биринҷу мавизаашро бепул медиҳам.
– Вай дар роҳ буд,– гуфт Ҳокимбой ба оҳанги шӯхӣ.– Ба он мавизу биринҷ тӯйи маҳалларо карда медиҳӣ.
– Муллошариф ба маънои «гап бисёр накунед,» даст ба зонуи Ҳокимбой ниҳод.– Пул камӣ кард, аз ин кас мегиред, – гуфт.
– Падар ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Меҳмонҳо фотиҳаи тӯйиро дода хестанд. Онҳо хурсандиашонро пинҳон намекарданд. «Чӣ кори ҷонон шуд. Чӣ кори хуб шуд» мегуфтанд Муллошариф.
Падар аз назди дарвоза ақиб гашту дасти Мансурро дошта ба оҳанги ҷиддӣ гуфт:
– Осақол ки ҳастанд, шарм мекунанд, ки дар маҳалла тӯйи калон нест.– Хандаи кӯтоҳе кард:– Инҳо пухтаанд, медонанд, ки мо имсол аз заминҳо ҳосили хуб гирифтем. Бачаҳояш вақти тӯяшон...
– Хуб кардед ки розӣ шудед,– гуфт Мансур. – Инҳо хушк гардондан ҳам намешавад, умед карда омадаанд.
Рӯзи дигар овоза паҳн шуд, ки Меҳрони камон тӯйи хабар мекардааст.
Падар, ки таҷриба дошт, дигар Мансурро ором нагузошт, ҳаррӯз кореро мефармуд: «Одамата шумур». «Устоҳои қандолотпаро рафта таъйин кун, ки дар фалон рӯз ҳозир шаванд». Ва мепурсид: «Солим чӣ мемонӣ? Чор-панҷ солим тайёр кардан лозим. Дусолима калон мемонӣ. Дар чунин маъракаҳо гӯшт бисёр меравад. Ба хотир дор, ки панҷоҳ гӯсфанд, даҳ-понздаҳ навбаст меравад. Ғайрии омадаро хона ба хона қӯш дода, нон, гӯшту биринҷу ҳалвою қандолоти якураашро медиҳӣ.»
Мансур масъулияти бузургро ҳис карда хобаш парид. Ҳар рӯз масолеҳи тӯй ҷамъ мекард. Аз ҷаву бедаи аспҳои ғайрии меомада шурӯъ карда, то ҷомаю тоқии ҳоҷиёнро (аниқ карданд, ки дар маҳаллашон шонздаҳ ҳоҷӣ будааст) ҷамъ овардан лозим буд.
Рӯзи бозор Мансур сӣ ҷома овард.
– Ҷома кам,– огоҳ кард падар.
Мансур, ки пулаш кам монда буд, дилашро кафонд:

пешина
аз 613
навбатӣ