Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳам устодро ҳурмат мекард. Ба «тоҷик» шудани ман ҳам устод Айнӣ таъсир расониданд. Вақто ки дар соли 1927 ба Бухоро омаданд, «ӯзбек» будани маро фаҳмида, хуб хандиданд ва фаҳмонида доданд, ки асли мо - бобо ва бобокалонҳоямон — аз Тоҷикистон (Кӯлоб) буда миллати мо тоҷик аст.
Пас аз ҳамин ман тоҷик шудам ва худро шинохтам. Авлоди ман ҳам миллати худро шинохтанд. Бинобар он аст, ки хизмати устод Айнӣ дар ин роҳ калон аст. Як худи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар соли 1926 дар Москва чоп шуда баромадааст, санад ва асоси мустаҳкаме барои аз нав зинда шудани халқи тоҷик, маданияти ҳазорсолаи тоҷик шуд. Бинобар он аст, ки халқи тоҷик устод Айниро падар ва устоди бузургвори худ медонад ва хизматҳои он касро фаромӯш намекунад.
Хӯш ки бошад, ман мехондаму бародарам Нуриддинҷон кор мекард ва ҳар ду дар як хона истиқомат доштем. Дар январи соли 1928 (ё ки дар декабри соли 1927), ки ман дар синфи охирини дорулмуаллимин мехондам, нохост моро, талабаҳои синфи охиринро ба Самарқанд бурданд ва ба курси аввали мактаби олии педагогии Ӯзбекистон (ВПИ) дохил намуданд.
Дар Самарқанд амакам Аминҷонмаҳсум бо оилаашон дар як квартираи қадимаи хубе (ки се хонаи дарун ба дарун дошт) зиндагӣ ва дар шӯрои нозирон кор мекарданд. Духтари қадраси он кас, ки номаш Муҳаббатхон буд, дар дорулмуаллимини занонаи Бухоро мехонд ва дар ҳавлии аммаи ман (модари Саодат) истиқомат мекард. Ба Самарқанд, ба хондан омадани ман Аминҷонмаҳсумро хурсанд кард. Ман дар хобгоҳи мактабӣ ҷой гирифта бошам ҳам, аксар вақт дар квартираи онҳо будам, корашонро мекардам, ба хӯрокашон шарик будам ва бегоҳиҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё