Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

сӯҳбат мекардем (мани мандонам, ки китоби бисёре мехондам, бо калонсолон дар сӯҳбат забондардозӣ мекардам). Пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯзи ба Самарқанд омадани ман, як рӯз аввали пагоҳ, ҳанӯз амакам ва зану бачаҳояшон аз хоб бедор нашуда, дарро тақ-тақ заданд. Азбаски ман дар хонаи берун мехобидам, дарро кушодам, ки амаки Умархон (писари калонии қозӣ Бурҳониддин, ки аз Бухоро ба Самарқанд омада, дар кадом қишлоқи назди шаҳр имоматӣ мекарданд) даромада омаданд. Амаки Умархон одами аҷоиб буданд: боакли содданамо, хасиси баднафс, худбини безарар, тарсуи ба кори худ пухта... Дар бораи тарсуи ба кори худ пухтагии он кас ҳикоят мекунанд: дар соли 1922, як рӯз бегоҳӣ дар ҳавлии беруни мо Аминҷонмахсум, ҳоҷӣ Зайдулло (яке аз дӯстони падарам), Азимҷонмахсум ҷамъ мешаванд. Ҷои Умархон холӣ! Падарам ду-се нафар аз ҷиянҳоро ба гузари Дегрезӣ мефиристонанд, ки он касро аз ҳавлиашон ҳамроҳ гирифта биёранд. Умархон ба ин таклиф аввал не мегӯянд, рӯз торик шуд, кӯчаҳо хавфнок, ман рафта наметавонам. Вақто ки ҷиянҳо гапро қатъӣ монда мегӯянд, ки мо бисёрем, натарсед, ноилоҷ қабул карда, ба роҳ медароянд. Лекин ҳамин, ки онҳо ба қарибии ҳамгашти кӯча мерасидаанд, он кас аз ёрон қафотар мемондаанд. Ҳамин ки ёрон ба ҳамгашти кӯча баргаштанд, тез роҳ гашта, аз онҳо пеш мегузаштаанд. Ин ҳаракати он касро ҷиянҳо омада ба падарам мегӯянд. Падарам сабаби корро аз худи Умархон пурсидаанд. Он кас гуфтаанд, ки дар қарибии ҳамгашти кӯча қафо монданам аз баҳри он, ки агар дар ҳамгашти кӯча дузде ё бадкасде поида истода бошад ва ба ҳамроҳон ҳамла кунад, ман дарҳол ба қафо мегурезам. Аммо вақто ки ҷиянҳо сиҳат-саломат ба ҳамгашти кӯча баргаштанд, маълум мешавад, ки он тарафи кӯча бехавф аст, лекин акнун хавфи аз

пешина
аз 339
навбатӣ