Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
фурӯхтам. Ана ҳамин тавр камбизоат ва косатиҳӣ буд бародари ман!
Баъд зан гирифтааст. Хоҳари бевамондаи як ҷӯраи ман – Сулаймонҷонро ба занӣ гирифта, дар кадом қишлоқи атрофи Бухоро ба шӯрои ҷамоа котибӣ мекардааст. Чуноне ки баъд фаҳмидам, дар ҳамон қишлоқ, боре ба болои айвони масҷид баромада худашро ба поён партофтааст, ки мурад. Хайрият, ки мӯъҷизае шуда сиҳат мондааст. Бале, вай ба ҳамин касалии худкушӣ гирифтор шуда будааст, ки мо надонистем. Соли 1934 ман ӯро ба Тоҷикистон даъват кардам. Бо занаш, ки нозой буд, хеста омаду дар ҷамоаи Андигони ноҳияи Янгибозор котиби ҷамоа шуд. Нағз кор карда мегашт. Гоҳо ба Душанбе, ба хонаи мо меомад, гоҳо мо мерафтем, меҳмон мекард. Дар моҳи майи соли 1941 хабар омад, ки бародарам худашро ба дарёи Кофарниҳон партофта, нобуд кардааст. Мо сӯхтем, кабоб шудем. Он вақтҳо хоҳарам ва язнаам дар худи Янгибозор ҳавличае доштанд. Хоҳарам пас аз ғоиб шудани бародарам, аз даруни як коса дастхатчаи бародарамро ёфтааст, ки бо хоҳарам видоъ карда навиштааст. Мо ба ҷустуҷӯи мурдаи бародарам шурӯъ кардем, аммо дар ҳеҷ ҷо наёфтем. Ноумед шуда ба Душанбе баргаштем. Фақат баъд аз бист рӯз хабар омад, ки ҷасади бародарамро як моҳигир дар канори як ҷазираи Кофарниҳон, ки аз Янгибозор шаш-ҳафт километр дур будааст, ёфта овардааст. Мо хешу таборон ба Янгибозор рафтем. Устухони ҷасадро кафан карда ба кампал печонда, бурда ба қабристоне, ки дар қарибии Андигон буд, ба хок супоридем ва ба арвоҳи бародари нокомам фотиҳа хондем.
Аммаам Саломат, хоҳари калонии падарам дар вақташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё