Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба Ҳидоятуллоҳ хоҷа ном муллобачаи қашшоқ аз тарафи бобоям ба занӣ дода шуда будаанд. Аз ин издивоҷ ду духтару як писар ба вуҷуд меоянд. Духтари калонӣ Мунъимахон (ки зани Усмонхон – писари амақи қозӣ Бурҳониддин буд), писар Иноятхон (язнаи ман), аммо духтари хурдӣ пас аз даҳ соли таваллуди Иноятхон ба дунё меояд. Номи ӯро Саодат мегузоранд ва духтари эркаю аллонии падару модар мешавад. Дар вақти инқилоби соли 1920 шаш-ҳафт сола будааст. Аммаам, ки мо он касро аммапошшо мегуфтем, зани зебочеҳра, мулоимфеъл, босавод ва доно буданд. Овози баланд надоштанд, худотарс ва порсо буданд; раҳмдил, фарзанддӯст ва дасткушод буданд. Он кас (ба қавли Саодат) шавҳарашон – Ҳидоятуллоҳоҷаро чандон дӯст намедоштаанд. Пас аз инқилоб Ҳидоятуллоҳоҷа дар ҳавлии берун, дар меҳмонхона шаш рӯз зиндагӣ карда, гоҳ-гоҳ ба ҳавлии дарун медаромадаанд. Одами хоксор, беҳаст ва мулло буданд. Ман дар хотир дорам, ки пояшон ланг буд, қат намешуд. Бо асо роҳ мегаштанд. Ҳавлии аммапошшо дар кӯчаи назди қозихона ба рӯбарӯи фойтунхонаи қозикалон буд. Ин ҳавлии берунударуннок ва хеле серускуна ва қулай буд. Ҳавлии берун аз айвони молбандӣ, ду хона: як хонаи калони рӯ ба боло, як хонаю даҳлизи рӯ ба ғарб дошт. Дар болои айвон шабгаҳ ва болохона буд. Ба воситаи роҳрав, ки ду хамгашт дошт ба ҳавлии даруни начандон калон ва на чандон хурд медаромадед. Ин ҳавлӣ ошхонаи калон, танӯри нонпазӣ, суфаи масолеҳ тайёр мекардагӣ, ду хуми гӯркардашудагӣ дошт. Дар паҳлӯи ошхона, хонаи поён буд, ки дар он кайвониҳо, пас аз инқилоб онаи лақлаққагӣ ном хизматтори куҳансоли хонадон ва баъдтар Ойиша ном духтарчаи понздаҳ-шонздаҳсолаи сағира истиқомат мекарданд. Тамоми рӯи ҳавлӣ хиштфарш буда, фақат дар канори пеши рӯи суфа

пешина
аз 339
навбатӣ