Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
нӯш ва ҷӯрабозӣ мегузашт ва хоҳари ман, ки келинашон буд ва Саодатхон, ки он вақт духтари даҳ-дувоздаҳсола буд, мемонанд. Иноятхон аз ҳеҷ ҷо даромаде надошт, фақат аммапошшоро мемакид. Дар бисоташон будагӣ чизҳоро – либосворӣ, мису мисина, ҷома, курта, маҳсӣ ва дигар чизҳоро фурӯхта, кайфу сафо мекард, ба хоҳари ман ҷабру ҷафо мекард. Ӯро на чун зан, балки чун каниз медонист. Барои ҳамин ҳам падарам хоҳарамро чанд вақт ба ҳавлии мо оварданд ва тамом ҷудо карданӣ буданд, вале аммапошшо гиряю нола карда боз ба ҳавлиашон бурданд.
Аммо зани ман – Саодат духтари якқаю ягона ва эрка шуда калон мешуд. Хеле хушрӯ ва соҳибҷамол буд. Аз ҳар тараф хостгорҳо меомаданд, лекин аммапошшо онҳоро бо хушӣ рад карда гусел мекарданд: духтарам ҳанӯз ҷавон аст, ба балоғат нарасидааст, мегуфтанд. Саодат аввал дар мактаби кӯҳна, дар назди оймулло мехонад, чала савод мебарорад, баъд дар мактаби ибтидоии занона, ки дар қозихона кушода шуда буд, мехонад. Аммапошшо бошанд, ба болои вай «ҳафтларз» буданд. Дар ин байн ба фаранҷӣ ҳуҷум сар шуд. Ба мактаб бо фаранҷӣ омадан намемонданд. Саодат ҳам фаранҷиро партофт. Ҳусну ҷамоли ӯ бисёриҳоро мафтун мекард. Вале Саодат парҳезкор, вазнин ва хушахлоқ баромад. Аз мактаб рост ба ҳавлӣ меомад ва бо дутонаҳои хоссаи худаш (бо Маъсумахон баринҳо) улфат буду бас. Саодат ҳарчанд ки хеле эрка ва нозпарвар калон шуда буд, лекин боғайрат, коркун ва хизматтор буд. Ҳарчанд ки «онаи Лаклақагӣ» (кампире ки ҳанӯз пеш аз инқилоб дар хонадони онҳо буда, кайвонигӣ мекард ва чун яке аз аҳли хонавода гашта буд) Саодатро кор кардан намемонд, лекин вай аз мактаб, ки баргашт, дасту остин барзада, рӯи ҳавлӣ, шабгаҳ ва болохонаҳоро рӯфта, тоза мекард, баъд нишаста дарс тайёр мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё