Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Солҳои 1927-28 ба вай хостгорҳо бисёр буданд. Яке аз хостгорҳо ҳамсояи рӯ ба рӯяшон Ҳаким Ҳамидӣ (писари муфтӣ Абдулҳамид, ки лақабаш «муфтии хунин») буд. Ҳаким фарзанди сеюми ин хонадон буда, чандон ақлу фаросат надошт. Лекин дар либоспӯшӣ, арақхӯрӣ ва ҷӯрабозӣ той надошт. Албатта аммапошшо ба вай розигӣ надоданд. Талабгори ҷиддии дигар додари Мансурхоҷаи Самарқандӣ — раиси суди округӣ буд. Мансурхоҷа бо занаш дар ҳавлии беруни аммапошшо иҷора менишаст. Тобистон додараш, ки муаллим буд, аз Самарқанд омада Саодатро мебинад ва ба қавле «ба як дил не, ба сад дил» ошиқи шайдо мегардад. Зани Мансурхоҷа ба аммапошшо ваъдаю ваидҳои бисёре карда, талабгор будани худашонро изҳор мекунад. Аммапошшои сода, ҳайрон мешаванд, не гуфтанашонро ҳам намедонанд, ҳа гуфтанашонро ҳам намедонанд ва чанд рӯз бо хаёлу андеша мегузарад. Ниҳоят қарор медиҳанд, ки хешу таборҳоро ҷеғ зада, машварат пурсанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё