Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҚАДАМИ АВВАЛ
(порчаҳо аз хотира)

Дар соли 1927 ман дар курси охирини дорулмуаллимин (ба ӯзбекӣ «Билим юрти»)-и Бухоро мехондам. Мактабамон дар бинои нави дуқабатаи хиштин, ки дар регистон буд, ҷо гирифта буд. Дар қабати якум синфҳо, лабораторияҳо, толори варзишӣ, идора ва хонаи муаллимон бошад, дар қабати дуюм хонаҳои хоб (ӯзбекӣ «ётоқ» мегуфтем), ошхона ва матбах буд. Директорамон Ҳайдар Ашрафӣ ном дошт, аз Тошканд буд. Як додар дошт, ки бо мо мехонд ва бо ман ҷӯра буд. Занаш турк, зебо ва боақлу хирад буд. Ҳайдар Ашрафӣ марди боақл, ташкилотчӣ ва маданӣ буд. Дорулмуаллимини моро хеле хуб ба роҳ монда буд. Муаллимони зӯр ва пуркувватро ҷамъ мекард. Чунончи аз адабиёт Абдурауф Фитрат дарс медод; аз табииёт ва ҷуғрофия Восеъ (Восем мегуфтем) Султонов ном муаллими пуртаҷриба дарс медод; аз ҳисоб (ҷабр), физика ва химия Смуррӣ ном муаллими рус дарс медод, ки хеле пурдон ва ботаҷриба буд. Ба гумон ин Смуррӣ аз Ленинград омада буд ва Бухоро ба вай маъқул шуда буд. Ояи калонӣ чанд гоҳ хонаи калони худашро ба вай иҷора монда буд ва бинобар он ҳар рӯз вохӯрда меистодам.

Ман дар хобгоҳи мактаб истиқомат доштам. Шариконам Мубин Мансур, Ҳаким Ҳомидӣ, Яҳё Юлдошев, Валӣ
(тоторбача) боз як тоторбачаи бисёр нағз, ки номашро
фаромӯш кардам, Нуриддин — ҷӯраи бисёр нағзам, Сулаймон Камол — писари Қорӣ Камоли ҳофизи машҳур ва
дигарҳо... Нағз мехондем, илм мегирифтем. Ба ростӣ, ки
дорулмуаллимини онвақта бо программа ва доираи илму

пешина
аз 339
навбатӣ