Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ишқӣ ва таърихӣ буд. Ҷилди аввалро хонда шуда шабу рӯз мепоидам ва аз мағозаи китобфурӯш хабар мегирифтам, ки ҷилди навбатӣ омад, ё не. Ниҳоят ҷилди дуюм ҳам омад. Бо ташнагӣ, завқу завқ онро ҳам хондам. Дар вақти расидани ҷилди сеюм ва охирин ман дар хобгоҳи дорулмуаллимин будам ва китобро хонда, ба охир расонида гиряҳо кардам. Дилам ба мурдани Кумуш сӯхт. Ин ҳолати маро Чангбостӣ дида ҳайрон шуд, чаро гиря мекунӣ гуфта пурсид, гуфта додам, ки таъсири китоб! Пас, вай аз ман хоҳиш кард, ки ба вай ҳам китобро диҳам, то ки хонад. Китобро додам, ду-се рӯз хонд. Ҷои хоби Чангбостӣ дар қарибии дари даромад, дар назди печка буд. Шабе ки вай саҳифаҳои охиринро мехонд, ҳаво хунук ва дар печка оташ месӯхт ва намедонам барои чӣ даҳони печка кушода буд. Бегоҳӣ, соат қариб даҳ буд, ҳанӯз ҳама нахобида буданд. Ман ҳам чизеро мехондам. Якбора шунидам ва дидам, ки Чангбостӣ девонаҳо барин аз ҷо парида хест ва чӣ овозе бароварда, ҳақоратҳо дода китобро ба болои оташи печка партофт. Ман чаққонӣ карда давида рафтаму китобро, ки ҳанӯз насӯхта буд, фақат муқова канори варақҳо кам-кам оташ гирифта буданд, аз печка гирифтам ва боиси ин девонагии Чангбостиро пурсидам:
— Кумуш ӯлди! (Кумуш мурд!) — гуфт вай ва сар ба болишт хаста хобид, надонам мегирист, ё ғамашро фурӯ мебурд, маълум набуд...
Ана ҳамин тавр ба кас таъсир мекардааст, асари хуб ва ҳунармандона навишта шуда!
Ҳаминро қайд кунам, ки ман аз хурдӣ хеле мутаассир ва ҳассос будам. Вақте ки дар сӯҳбати ака Турсун китобҳои ҷангнома, Лайлӣ ва Маҷнун, Фарҳод ва Ширин барин асарҳоро мешунидам; вақто ки шабҳои дарози зимистон дар гирди сандалӣ нишаста афсонаҳои аҷоиб ва ғароиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё