Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Янгаро мешунидам, аз худ бехуд мешудам, ба даруни ҳодиса, воқеаҳои ҳикоят ва афсонаҳо даромада мерафтам. Баъд, вақто ки ба ҷоғаҳ даромада, кӯрпаро ба сар мекашидам, хаёлам маро ба куҷоҳо ки намебурд! Гоҳо ба аспи болдор савор шуда, ба осмон парвоз мекардам, аз болои шаҳрҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо мегузаштам. Мисли Қработури афсонавӣ бо девҳо ҷанг мекардам; ба «Боғи Ирам» рафта базми парихоро тамошо мекардам; ба «ғорҳои бетак», ба зери замин даромада, аҷоиботи бисёреро медидам... Вақте ки саводам баромад ва китобхон шудам, бо маслиҳат ва таҳрики амакбачаҳоям — ака Шарифхон ва Баҳоутдинхон ва падарам ва дигарон аз китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино4 рафта роман аз паси роман гирифта мехондам. Ин китобхона дар қарибии ҳавлии мо, дар мадрасаи Бибихон, ки бевосита дар пеши манори Бухорост, ҷой гирифта буд. Аз ин китобхона ман тарҷумаи туркӣ ва форсии асарҳои М.Горкий (Модар), Тургенев (Оби навбаҳор), Чехов, Толстой, Олимҷон Иброҳимови тотор, Ҷурҷи Зайдони араб (Карбало ёнғусӣ, Армонуса, Абӯмуслими Хуросонӣ), Виктор Ҳуғу (Одаме, ки механдад; Чиҳилу сеюм), Александр Дюма (Граф Монтекристо, Лордҳуб, Писари Монтекристо) ва ғайра ва ғайраро гирифта мехондам. Вақто ки дар ҳавлӣ, дар назди Ояи калон будам (бевосита пас аз вафоти падар дар солҳои 1924) дар рӯи ҳавлӣ то ба торик шудани рӯз мехондам. Оям бисёр вақт ба сӯзондани лампа иҷозат намедод, ба рӯи шабғаҳ баромада, аз нури маҳтоб истифода мебурдам. Вақто ки ба интернат афтодам, имконияти китобхонӣ бисёртар шуд, лекин дарсҳо торафт мушкилтар мешуданд, бисёртар мешуданд. Ман аз ҳамаи дарсҳо, дар-
4 Ин китобхона бевосита пас аз инқилоби Бухоро, аз ҳисоби китобҳои мусодирашуда — китобҳои амир, амалдорони амир ва бойҳо ташкил шуда буд. (Муаллиф)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё