Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

моро бад медид, вале чорае надошт. Дар ин байни падарам ба фикри зани дуюм (сеюм) афтоданд. Дар хотир надорам, ки он кас кай ба Бухоро рафтанд ва чӣ тавр ояи хурдиро ёфтанд, фақат ҳамин дар хотирам мондааст, ки як рӯзи тирамоҳ аз Бухоро аммапошшо ва занҳои бисёре ояи хурдиро гирифта оварданд. Аз қозихона дуртар, дар соҳили дарёи Қароқӯл як ҳавлии дарунберуннокро ба гумон иҷора гирифтанд ва дар он ҷо як шаб тӯйчае карданду соҳиби зани сеюм шуданд. Ояи хурдӣ зани донишманд, зебо, русидон, босавод ва боназокат буд. Падарам бо вай худро хушбахт мешуморид ва ӯро хеле дӯст медошт. Лекин ҳаёташ сахту вазнинтар гашт. Зеро ки ояи калонӣ бамавриду бемаврид бо падарам ва бо мо ҷангу ҷӯш мекардагӣ шуд. Падарам як шаб дар хонаи ояи калонӣ бошад, шаби дигар дар хонаи ояи хурдӣ мешуд ва албатта дар ҳар ҷо падарам бошад мо ҳам мешудем ва медидем, ки падарам дар хонаи ояи хурдӣ гул-гул мешукуфт, хурсанду хандон ва хушчакчак мешуд. Лекин дар хонаи ояи калонӣ зиқ мегашт, аз сӯҳбати вай лаззат намебурд (чӣ ҳам мегуфт ояи калонӣ! Ё ғайбат ва шикояти палонҷашро карда падарамро мегиччид, ё аз камбудиҳои рӯзгор шикоят мекард, ё маро ба падарам мехоёнид...).

Дар Қароқӯл нағз буд, ки ҳавлии ояи хурдӣ алоҳида ва аз қозихона як кӯча он тараф буд. Лекин дар Чорҷӯй ва хусусан дар Ғиждувон ҳавлиҳо шафат ва дар миён фақат як похсадевор буд. Бинобар он палонҷҳо бевосита ҳамдигарро медиданд ва ба ҳамдигар суханпарронӣ мекарданд. Ҳатто ояи калонӣ ба тарафи хонаи ояи хурдӣ санг мепартофт.

Падарам ҳеҷ касро, хусусан зану бачаҳояшро намезад. Фақат ҷазаба мекард, дӯғ мезад. Ояи калонӣ, ки пӯстғапс буд, аз ҷазабаҳои падарам наметарсид. Ҷангуҷӯшро давом

пешина
аз 339
навбатӣ