Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
медод. Ин ҳаёти дарунии оилавӣ, ки тираю тор буд ва боз воқеаҳои дигар, ки дар поёнтар мегӯям, бемории падарамро афзудан гирифтанд. Касалии сил, ки дар шушҳои вай хона монда буд, охир кори худашро кард ва дар соли 1924 падарамро аз зиндагӣ маҳрум кард.
Падарамро ҷадид ва тарафдори ягон гурӯҳ ва ё партия гуфтан намешавад. Вай одами замони худ буд. Лекин оқил, босавод ва аз олам камубеш хабардор буд. Дӯстони ҷавон ва навфикр дошт, ба мисли Аминҷон махдум, Қулиҷон, Айнӣ ва бисёр дигарон, ки ба Қароқул ва Чорҷӯй омада мерафтанд. Падари ояи хурдӣ – Муҳаммадии тарикачӣ ном дошт, низ одами бафаҳм, босавод ва русидон буд ва фарзандони худро низ хуб тарбия намуда, русӣ омӯхта буд. Додари ояи хурдӣ – Фазлиддин Муҳаммадиевро мо «Ҷӯра» мегуфтем ва бо вай хеле дӯст ва улфат шуда будем. Вай бачаи ҳушёр, ихтироъкор (дар бозиҳо ва асбобҳои бозӣ) ва хушфеъл буд. Дар хондан ва илм омӯхтан ҳаваси калон дошт. Пас аз инқилоб дар мактаби нав хонда муаллим шуд ва то синни пирии худ дарс дод. Ҳоло нафақахӯр аст...
Инак, падарам дар сӯҳбати ин дӯстон ва ҳамфикрони худ, навпараст ва кӯҳнабезор буд. Лекин қози буд ва аз даромади қозигӣ нон мехӯрд. Ба амир ва ҳокимияти ӯ муқобилият кардан, зиндагии халқро тағйир додан барин фикрҳо ба сари ӯ намеомаданд, вай аз ин андешаҳо дур буд. Дар вақти дар Қароқул қози буданаш унвони «ӯроқ»-ро дошт. Баъд, вақте ки ба Чорҷӯй қози шуд, ба ӯ унвони «Судур»-ро доданд.
Дар Қароқул чор-панҷ сол қози буд. Баъд як рӯз хабар омад, ки падарам ба Чорҷӯй қози шудааст. Дар ҳавлӣ ҳаракати кӯчокӯч сар шуд. Падарам аз Бухоро хабар фиристод, ки фалон рӯз бо поезд ба тарафи Чорҷӯй мегузарад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё