Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯъбаи нашриёт дар маркази шаҳри нави Самарқанд, дар радифи бинои Кумитаи марказии иҷроияи Ӯзбекистон, дар бинои начандон калони бисёр хуби якқабата, ки чандин хона дошт, ҷо гирифта буд. Ман пас аз се рӯз, дар соати як омадам, ки Айнӣ чою нон хӯрда истода буданд. Маро дида истакону бӯлкаро ба як сӯ гузошта, аз қуттии столашон дастнависи маро бароварданд ва сар карданд ба ҷанг кардани ман. Ҳо, чаро ин калимаро надониста кор фармудед? Чаро ҷумларо ғалат кардед? Чаро образ нотамом? Суст тасвир кардед! ва ҳоказо ва ҳоказо... Устод бисёр серҷазаба ва бадқаҳр буданд. Аз ҳайбат ва дӯғи он кас ҷигарҳо об мешуданд. Мани ҳикоянависи ноӯҳдабаро ба ҳадафи тири ғазаби он кас дучор шуда будам. Ба обу арақ ғӯтида, дӯғу ҷазабаи он касро мешунидам. Кошки дар он хона мо танҳо бошем. Раҳим Ҳошим, Саидризо Ализода, Ирфон, баъд (ғавғои устодро шунида) Ҷабборӣ ҳам аз кабинет баромада омад. Ман аз хиҷолат намедонистам, ки чӣ кор кунам. Аз нависанда шудан сад пушаймон гаштам, марг ба мани нависандашаванда мегуфтам. Ниҳоят устод ҷангашонро бас карда, дастнависро ба ман доданд ва гуфтанд, ки аз нав кор карда биёрам. Ман дастнависро гирифтаму ба худ гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ин даргоҳ қадами худро нахоҳам гузошт. Хеста берун баромадам. Раҳим Ҳошим аз аҳволам пай бурд магар, аз пасам баромаду дар роҳрав гуфт, ки аз қаҳру ғазаби устод наранҷам. Ин ҳама аз меҳр, аз нуқтаи назари тарбия аст. Устод дар ниҳоди шумо чизеро, истеъдодеро пай бурданд, ки ин қадар ҷон коҳонда ба шумо фаҳмонданд. Рафта ҳикояро аз нав кор кунед ва боз ба ҳукми устод биёред!

Дили омӯхта бало, мегӯянд, рост аст. Аввал чанд рӯз кор накардам, баъд нашуд; боз қалам ба даст гирифта ҳикояро ба таври худ ислоҳ кардам ва ба назди устод овардам.

пешина
аз 339
навбатӣ