Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
буданд. Муваққатан моро дар саҳнаи клуби калони институт ҷо карданд. Мо ҳар кадом аз Бухоро бо худ кӯрпаю болишт оварда будем. Дар ҳавои сард, дар саҳнаи хунук ба ҳамон кӯрпаю болишт печида мехобидем ва парвое надоштем. Рӯзонаҳо дарс мехондем — гоҳо ҳар шӯъба (факултет) алоҳида, гоҳо ҳама якҷоя дар клуб будем. Ин тавр дарсҳои якҷояро профессор Вяткин (Таърихи Осиёи Миёна), профессор Фитрат ва Абдулло Алавӣ (адабиёт) мегузарониданд. Дигар дарсҳо — ҳисоб, физиология, ботаника ва ғайра алоҳида буд. Мо дар ошхонаи қашқариҳо, ки дар даромадгоҳи боғи шаҳрӣ буд, хӯрок мехӯрдем. Соҳибони ошхонаҳо ба мо бепул, рӯзе се бор хӯрокҳои бомаза (лағмон, манту, оши палав ва чои кабуд) медоданд ва фақат дар дафтари махсуси худ қайд карда мемонданд. Вақто ки стипендияро мегирифтем, қариб ҳама пуламонро бурда медодем. Ин қашқариҳо ба мо бовар мекарданд ва бепул хӯрок медоданд. Мо ҳам онҳоро фиреб намедодем.
Дар ҳамин фарсат — дар ҳамин муддати хонда гаштан, ман нависандагиро ҳам фаромӯш накардам. Як ҳикояе навиштам, ки номаш «Ширин» буд. Вай аз воқеаҳои босмачигарӣ ва истеҳкомияти ҳокимияти шӯроӣ нақл мекард. Ҳикояро ба назди устод Айнӣ гирифта бурдам. Он кас он вақтҳо дар шӯъбаи Самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир шуда кор мекарданд. Мудири шӯъба Ҷабборӣ буд. Ҳамроҳи устод Раҳим Ҳошим, Сайдризо Ализода ва Ирфон кор мекардаанд. Вақте ки ман ҳикояро бурдам, аввали рӯз — айни кори устод Айнӣ буд. Он кас аз дасти ман ҳикояро гирифтанду гуфтанд, ки пас аз се рӯз, дар соати яки рӯз, дар вақти танаффуси нимрӯзӣ биёям. Намехостанд, ки вақти кори давлатиро бо машғулияти дигар — бо қабули ман сарф кунанд! Ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё