Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бозою барои дили мо ҳам сафаре кун!
Бинмо саҳаре азми тавофи Ватани ман,
Оҳ, оҳ чӣ Ватан, саҷдагоҳи ҷону тани ман.
Ҳам маъмани осойишу иззу шарафи ман,
Ҳам каъбаи ман, қиблай ман, ҳам чамани ман!
Он к-аз ғуми ошуфтагии ҳоли харобаш,
Оғушта ба хунаст, харобаст тани ман.
Рав, ҷабҳаи табҷил фурӯмол ба хокаш,
Зан бӯса ба девору дараш аз даҳани ман!
Аввал бирасон аз тарафам арзу дуоро,
В-он гаҳ бинамо лобаю баргӯй «Бухоро!»

«Сайҳа» дар Станбул, дар соли 1329 ҳиҷрӣ аз тарафи муҳаррираш нашр шудааст.

Фитрат Бухоро-Ватанашро аз дилу ҷон дӯст медошт ва барои озодии Бухоро ва халқи Бухоро кӯшиш ва ҷонбозиҳои зиёде кард. Бо Файзулло Хоҷаев ҳамдам, ҳамнишин ва дӯст буд. Устод Айнӣ бинобар ҳамин ӯро чандон дӯст намедоштанд. Лекин ба қобилият ва эҷози ӯ тан дода буданд. Афсӯс ки Фитрат то як дараҷа пантуркист ҳам шуд. Лекин пас аз инқилоб, пас аз фаҳмидани рафти ҳаёт аз ақидааш баргашт. Сад фоиз одами шӯроӣ шуд. Дар Ӯзбекистон машҳур гашт, овоза бардошт, то ба дараҷаи профессорӣ расид ва дар мактабҳои олӣ дарси таърих ва адабиёт медодагӣ шуд. Хеле китобҳо навишт ва тадқиқотҳо кард. Китоби «Қудодулкибил»-ро аввалин бор ӯ ёфт ва дар бораи он тадқиқот гузаронида, мақолаҳо навишт. Худаш тоҷики асл бошад ҳам, дар хизмати ӯзбекҳо гашта, ӯзбек шуд, шеърҳои ӯзбекӣ гуфт. Вақте ки вай ба синфи мо ба дарс додан медаромад, ҳамаи талабаҳо нафас набароварда ӯро гӯш мекарданд. Вай қоидаҳои шеър, навъҳои наср ва драматургияро бо мисолҳои равшан

пешина
аз 339
навбатӣ