Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фаҳмонида медод. Ман аввалин бор аз вай шунида донистам, ки дар шеър вазни ҳиҷо ҳасту вазни арӯз. Вай арӯзро ба мо чунин фаҳмонида буд: Арӯзро бо ангушт шуморида намефаҳманд. Барои фаҳмидани вазни арӯз гӯши шоир тарозуст. Вазни арӯз хеле зиёд аст. Масалан: мафоилун фаъ - мафилун фаъ. Ё ки фоилотун-фоилотун-фоилотун-фоилун. Агар ягон шеърро ба ин вазн часпонем (баркашем) чунин мешавад:

Ёр бепарво, фалак бедард, даврон бесугун!

Ёр бепар - фоилотун, во-фалак бе - фоилотун, дарду даврон - фоилотун, бесугун - фоилун. Ҳамин мисоли овардаи Фитрат ҳанӯз ҳам аз хотирам нарафтааст.

Аз таъсири гуфтаҳои Фитрат ман ҳам ба адабиёт ва шеър меҳр бастам ва ба навиштани шеърҳои ӯзбекӣ сар кардам. Аммо шеърҳои ман ба ғайр аз саҳифаҳои девории мактаб, дигар ҷоро надидааст. Ягон шеърам, ягон мақолаам то соли 1927 дар ягон газет ва ё журнал чоп нашуд. Лекин меҳри адабиётро Фитрат ба дилам чунон ҷо карда буд, ки шеърнависиро ҳеҷ тарк намекардам. Албатта ба нависанда шудани ман боз факторҳои дигар ҳам буданд (ёрии устод Айнӣ, бисёр китоб хондан ва шунидани қиссаю афсонаҳои халқӣ...), лекин яке аз он факторҳои асосӣ ҳамин дарси адабиёти Фитрат дар дорулмуаллимин буд. Фитрат ба мо як - якуним сол дарс дод, баъд ӯро ба Самарқанд, ба муаллимии мактаби олии педагогии аввалини Ӯзбекистон гирифтанд. Дере нагузашту синфи моро ҳам ба Самарқанд, ба ҳамин мактаби олӣ бурданд. Дар ин мактаби олӣ дарси адабиётро ба мо Фитрат ва Алавӣ ном шоири ӯзбек мехонданд. Ба Фитрат аз худи мактаби олӣ як котеҷ (ҳавлӣ)-и алоҳида дода буданд, ки дар он ҳоло профессор Абдураҳим Муқимов истиқомат дорад.

Фитрат вақтҳои охири умраш дар Тошканд буд. Намедонам

пешина
аз 339
навбатӣ