Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, ҳам аз ҷиҳати забон, талаффуз ва ҳозирҷавобӣ ва нозукбаёнӣ буд. Ман аз сӯҳбати ӯ лаззате мегирифтам. Боре ба ман дар бораи касе нақл карда истода гуфт: - Аз он кас наранҷед, ба кирдори бади он кас саҳрой гунаҳгор аст!
Боре Шоев чунин нақл кард:
- Маориф ва комитети иҷроияи шаҳрӣ ба ман вазифаи роҳбаладӣ (гидӣ)-ро барои қабули меҳмонҳо супориданд. Азбаски ман таърих ва ҷоҳои таърихии Бухороро нағз медонам, не нагуфта, ин вазифаро қабул кардам. Аз хориҷа ва аз дигар ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо сайёҳон меоянд, ҳамроҳ гашта, дар бораи манор, мадраса, арк ва дигар ҷоҳо баёнот медодам. Як бор аз кадом вилояти Ӯзбекистон сайёҳон омаданд ва ман онҳоро гирифта гаштам. Дар байни онҳо як марди шилкин буд, ки ба зудӣ гапро намефаҳмид ва болоболойиҳам суолҳо дода ба ҷонам расонид. Вақто ки ба зери манори Бухоро расидем, ман мухтасар дар бораи он гап задам ва мехостам, ки ба объекти дигар гузарам, ҳамон одами шилкин суол дод: - Ин манораро «манораи аҷал» меноманд, барои чӣ? Ман ки ба ҷон расида будам, гуфтам ки як бор аз болои ҳамин манор як раҳбалад, яъне гидро партофта кушта буданд. Мардак ба кинояи ман сарфаҳм нарафта боз пурсид, ки чаро гидро партофта бошанд. Ман гуфтанӣ будам, ки як сайёҳи шилкин ба ҷонаш расонидааст, лекин шарикаш, ки одами ҳушёртар будааст, «э, ра-шо», гуфта ӯро кашола карда гирифта бурд ва ман халос шудам...
Ана ҳамин тавр марди зариф ва хушгап буд Шоев ва бинобар он ман ба назди ӯ мерафтам ва хоҳиш мекардам, ки Изомиро ҳам ҷег занад, то ки китобҳои хуби дастнависро биёранд. Изомӣ баъзе китобҳои нодирро гирифта меомаданд ва сӯҳбати гарму ҷӯшони мо оғоз меёфт. Боре ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё