Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ва овозашонро нависем. ВақтАМОН танг буд, Олимпур мебоист ба Душанбе мерафт. Бинобар он аз ҳавлии Аминҷон Шукуров, ки мо дар он ҷо будем ва ҳавлии Изомӣ ҳам қариб буд, рост хеста рафтем ва ин дафъа дасти холӣ рафтем. Изомӣ танҳо будаанд, пас аз хеле дар кӯфтани мо дарвозаро кушоданд (дарвозаи ҳавлии он кас аз роҳ қариб сӣ-чихил сантиметр паст буда, дар роҳравашон ҳоҷатхона доранд). Бо мо дуруст салому алейк ҳам накарданд. Мо мақсади худро гуфтем. Ақаллан моро ба хона даъват накарданд. Дар ҳамон роҳрави бӯгин ба рӯи курсӣ нишастем. Пас аз гуфтушуниди каме, Олимпур бо Аминҷон илтимос карданд, ки ба хона дароем ва сурат гирем. Пас, он кас базӯр розӣ шуданд ва моро ба хонаи хурдакаки худашон дароварданд. Хонаи калонашон аз они писару келинашон будааст. Занашон як сол пеш вафот карда буд.
Пас аз сӯҳбат ва сураткашӣ хайру маъзур карда баромадем. Дар вақти баромадан ман маъзарат хостам, ки мебахшед, ин дафъа фурсат нашуд, дасти холӣ омадам. Ба ҷавоби ман гуфтанд, ки «Аз рӯи одат-дия! Аз рӯи одатдия!» Ин ҷавоб ба ман хеле сахт расид. Ман, гӯё, ҳамеша дасти холӣ мерафта бошам! Пас ба худ қарор додам, ки дигар ба ҳавлии ин хел марди хасис ва тамаъгор (бо вуҷуди донишмандӣ ва пурдонӣ, қадами худро намегузорам). Ҳоло Изомӣ наваду се сола шудагӣ.
Устод Садриддин Айнӣ маро ба соҳаи адабиёт, гӯё аз дастам дошта дохил карданд ва ман ин некии он касро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Ҳарчанд дар солҳои охир чандин касон — масалан Абдулғанӣ Мирзоев мегуфтанд, ки «Чаро Айнӣ ба шумо устод мешудааст! Шумо ҳоло худатон устод ҳастед! Асарҳое офаридаед, ки Айнӣ чунин наофаридааст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё