Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Атқиёхоҷа хат навишта фиристодааст ва он хат дар натиҷаи беэҳтиётии Атқиёхоҷа ба дасти амаки Қозикалон Бурҳониддин афтодааст. Қозӣ Бурҳониддин падарамро сахт сарзаниш карда хат фиристодааст ва гуфтааст, ки ҷазои Атқиёхоҷа ва Усмонхонро бидиҳад ва нагузорад, ки пас аз ин хату хабар кунанд.

Амакзодаи падарам Аминҷон махсум хеле эҳтиёткор ва боақл буд. Ҳарчанд ки муносибати вай бо ҷадидон, хусусан бо гурӯҳи Айнӣ ва ёрони ӯ зичтар ва мустаҳкамтар буд, лекин ба даст наафтода буд. Бинобар он ба итоби падарам барнахӯрд. Аминҷон махсум, ки русиро хуб медонист, мактубҳои аз консулхонаи Русия омадаро хонда ба падарарӯсаш (қозии Бурҳониддин) тарҷума карда медод. Дар айни ҳол мазмуни он хатро (агар тавонад худи мактубро) ба ҷавонбухориҳо мерасонд. Аз ин ваҷҳ хизмати Аминҷон махсум дар роҳи инқилоби Бухоро кам набуд. Бинобар он буд, ки Аминҷон махсумро пас аз инқилоби соли 1920 ба вазифаҳои масъули ҷумҳуриятии халқии Бухоро гузоштанд. Медонам, ки вай аввал нозири адлия буд. Баъд ба Кармина раиси Комитаи инқилоб таъин шуд. Вақто ки вай дар Кармина буд, падарам ману бародарам ва ака Шарифхон (амакбачаи ман писари Қиёмҷон махсум)-ро ҳамроҳ гирифта ба Кармина сафар кард. Он вақт ба Кармина бо поезд мерафтанд. Ман шоду хурсанд будам, ки боз ба поезд сувор мешавам. Падарам инро медонист ва бинобар он то ба Когон ҳам ба «поездча» сувор шуда рафтем, дар Когон ба вагони дилҳоҳ нишаста натавонистем. Поездҳо серодам, ифлос ва сустгард буданд. Ба ҳар ҳол ба як вагони «обши» (умумӣ) ба зӯр билет гирифта сувор шудему ба як кати поён як навъе карда ҷо гирифтем. Ман натавонистам, ки дар назди тирезаи вагон нишаста, дашту саҳроҳоро тамошо карда равам. Хайр, майлаш,

пешина
аз 339
навбатӣ