Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин гумбур-гумбур карда рафтани поезд ҳам як кайфе дорад. Баъд аз тирезаи начандон калони вагони класси сеюм камубеш берунро ҳам дидан мумкин мешуд. Хулоса, қариби нимрӯзӣ ба Кармина расидем. Як аробаи кӯтакро киро карда ба сӯи шаҳр раҳсипор гаштем. Дар қарибии Кармина фиристодагони Аминҷон махсумро се-чор нафар сувор ва як фойтуни дуаспа моро пешвоз гирифтанд ва маълум шуд, ки ба истиқболи мо ба стансия равона будаанд. Амаки Аминҷон моро хушу хурсандона пешвоз гирифт. Бошишгоҳи вай иборат буд аз боғи васеъу калони сермева ва ҳавлии ҷои дарун берундор. Ҳам идора ва ҳам истиқоматгоҳҳои вай дар ҳамин ҷо буд. Меҳмонхонаи калони дубаҳра, ки столу устулҳо ва диванҳо дошт бо қолину гилемҳо муфраш буд, ҳам кабинети раиси комитети инқилобий (ревком), ҳам ҷои меҳмонқабулкунии амакам буд. Дар ҳавлии дарун аҳли байти раис, бо ҳамон карру фарри қадима, бо хизматгор ва кайвониҳо ва ошпазҳо зиндагӣ мекарданд. Ман диққат карда бинам гирифту-гир ва тарзи зиндагонии раиси ревком аз қозии пештара хеле кам фарқ мекард. Инро ман на аз нуқтаи назари танқид, балки аз нуқтаи назари бачагонаи худ медидам ва боварӣ доштам, ки бояд ҳамин тавр ҳам шавад.

Дар болои қалъаи баланди Кармина штаби аскарони сурх ҷо гирифта буд, ки он шаҳрчаи ҳарбӣ ба шумор мерафт. Як бегоҳӣ моро сардори штаб ба кабинети худ хабар кард. Дар хотирам ҳаст, ки ҳамон рӯз борон меборид. Моро ба фойтунҳо савор карда ба болои қалъа бароварданд ва ба як хонаи калон дароварданд, ки дару девораш пур аз милтику пулемёту яроқу аслиҳа буд. Маро то андозае воҳима гирифт. Зеро, мизбонон ҳам сар то по мусаллаҳ буданд. Вақто ки дар сари стол нӯшонӯшӣ сар шуд ва командирҳо андак кайфбаланд шуданд, ҳар замон

пешина
аз 339
навбатӣ