Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

мубориза мебаранд...

Рӯзи дуюм, ё сеюм хабар омад, ки «кӯчро бардоред!» Кӯчу каманро бардошта ба канори наҳри Ому расидем. Ҳаво тира, шамоли сард мевазид. Калонҳо бо киштиронҳои туркман гапзанон карда фақат занҳо, бачаҳо ва чанд нафар аз калонҳоро ба кема андохтанд. Ман бори аввал дар умри худ ба рӯи об дар кема шино мекардам. Росташро мегӯям, ки дар дилам ҳеҷ як тарсе набуд, ҳарчанд ки оби дарёи Ому пуртуғён буд, кемаро шамол мелаппонид. Аз симои хоҳар ва ояҳоям медидам, ки онҳо ба тарсу ҳаросанд, аз худо паноҳ мехоҳанд. Киштиронҳои туркман нотарсона кема ронда дар ним соат моро ба соҳили дигар расониданд. Дар он ҷо амаки Муҳаммади хоҷа, ки сардори корвон буд, аспу ароба ёфта моро савор кард ва дар охири рӯз ба Бурдалиқ расидем. Ҳокими Бурдалиқ моро хуш қабул кард ва ман, ки ҷоғаҳи хобро ёфтам, зуд хобидам. Рӯзи дигар ба ҳавлии берун баромада дидам, ки боқимонда одамони мо кӯчу борҳоро аз дарё гузаронида овардаанд. Ака Турсун нақл мекард, ки пас аз шино карда рафтани мо онҳо кемаро хеле мунтазир шудаанд. Ду-се савори туркман, ки аз афташон яғмогар ва роҳзан барин будаанд, дар гирду атрофи онҳо чарх задаанд. Дар он ҳол ака Турсун ва дигар одамони мо таппонча ва милтиқҳои худро бароварда, ба ҳолати ҳозирбош даромадаанд. Роҳзанҳо яроқи оташборандаро дида тарсидаанд, магар ки онҳоро монда рафтаанд.

Баъди як рӯз падарам ба Бурдалиқ омад. Моро навозиш кард, зиёфати ҳокимро хӯрд ва ба калонҳо супоришҳо дода боз гашта рафт. Ба пурсиши ман гуфтанд, ки вай боз ба Чорҷӯй рафтааст. Рӯзи дигар мо як корвон — иборат аз се-, чор шутур, ҳару асп ташкил дода, озими Бухоро шудем. Ин сафарро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Моҳи март буд, ҳаво

пешина
аз 339
навбатӣ