Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

боронӣ, андак хунук... Ба шутурҳо қаҷобаҳоро бор карданд, ки болояшон аз чӯбҳои бед айвонча - соябон карда шуда ва бо намадҳои ғафс пӯшида буданд. Даруни қаҷобаҳо бо гилемчаҳо ва кӯрпачаҳо густурда шуда буданд, ки барои нишаста рафтани ду кас хеле мувофиқ буд. Ман бо хоҳарам дар як қаҷоба, дар қаҷобаи тарафи дигари шутури мо ояи хурдӣ бо додараш буд. Дар дигар қаҷобаҳо ҳам дукаса-дукаса – дар ҳар шутур чор кас ва дар шутури охирин, ки дар қаҷобаҳои он озуқаворӣ – нон, гӯшти ях-нии бисёре, машқҳои об бор карда шуда буд, як кас, дар як қаҷоба амаки Ҳоҷӣ Муҳаммад ва дар қаҷобаи дигар баро-дари калонии ман ҷо гирифта буданд. Ака Турсун ва дигар мардҳо дар аспҳо буданд.

Ба қаҷобаҳо нишастем, шутурҳо аз ҷо бархоста ба роҳ даромаданд ва борон ҳам сар кард. Тамоми рӯз дар регзо-ри Қарокум роҳ гаштем. Шаб дар доманаи теппае манзил кардем. Борон борида истода бошад ҳам барои ёзонидани поҳо аз қаҷобаҳо баромада, дар дашт камтар гаштем, дар гулхани оташе, ки барандагони мо аз хору хас афрӯхта бу-данд, нишастем, чою нону гӯшт хӯрдем ва боз ба қаҷобаҳо даромада, поҳоро лунда карда хобидем. Аввали рӯз, ки бедор шудем, ҳанӯз борон меборид. Камтар-камтар нону гӯшт ва як пиёлагӣ об нӯшидему боз ба роҳ даромадем. Тамоми рӯз роҳ гаштем. Бобо Ҳоҷӣ (амаки Муҳаммадӣ хоҷа) нону гӯшту обро эҳтиёт мекард; мурдам, мурдам гуфтан баъд камтар хӯроку об медод. Шаб боз шутурҳоро шинонданд ва мо берун баромадем. Роҳбаладҳо гуфтанд, ки ситораҳо наменамоянд, эҳтимол мо роҳро гум карда бошем. Канӣ имшаб борон монад, ситора намояд, роҳ маълум мешудагист. Лекин борон намонд, ситора нанамуд ва мо боз як рӯзи дигар азоб кашидем. Саҳари дигар бо-рон бозмонд, офтоб баромад ва мо дар осмон селай

пешина
аз 339
навбатӣ