Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
далер нишон медодагӣ, меҳмоннавоз ва меҳрубон буд. Зане доштанд, ки фақира, немурод ва хеле оддӣ. Худи Суҳайлӣ одамаки майда, қадпаст, харобак ва хеле наҳиф буданд. Духтаре пайдо карданд ва номи ӯро Муҳаббат гузоштанд. Ҳама меҳру муҳаббати худро ба ин духтар доданд. Муҳаббат нағз хонд, ба воя расид ва шавҳари хубе кард, ба Суҳайлӣ набераҳо овард ва ҳоло чароғи падару модарро равшан карда гаштааст.
Дар бораи Суҳайлӣ дар байни мардум ҳаҷвия ва латифаҳои бисёре паҳн шудагӣ, лекин бисёрии он иғроқ аст, ё дурӯғ! Дар асл Суҳайлӣ, ки одами содда, аз шайтанат дур буданд, дар зиндагӣ баъзе корҳои соддалавҳона мекарданд, ки одамҳо он соддагиҳоро бо муболиға дар байни худ паҳн карда, латифаҳои бисёре ба майдон оварда буданд. Масалан Боқӣ Раҳимзода мегуфт, ки ӯро аз тарафи Иттифоқи нависандагон ба Суҳайлӣ кафил кардаанд, ки дарси сиёсӣ ва иҷтимоӣ диҳад, он касро аз таърихи халқ ва партия бохабар кунад. Боқӣ ҳам бо мамнуният бо он кас дарс мегузаштааст. Боре гуфтааст, ки ҷамъияти капиталистӣ нисбат ба ҷамъияти феодалӣ пешқадам ва прогрессивӣ буд, ҷамъиятро ба сӯи тараққӣ пеш бурд. Суҳайлӣ ҳамин ки ин суханро мешунаванд, дар зери лаб табассум мекунанду зуд ба назди Турсунзода мераванд, мегӯянд, ки шумо киро ба ман роҳбари сиёсӣ карда мондед?! Охир, Боқӣ ҷамъияти капиталистиро пешқадам ва прогрессивӣ гуфт. Ин чӣ маъно дорад?! Мирзо Турсунзода ба зӯр Суҳайлиро қаноатманд кардаанд, ки ин маънои баде надорад ва он кас хотирҷамъ бошанд... Ин воқеа шудагӣ, ё не, намедонам. Шояд ин ҳам аз ҳазлҳои Боқӣ бошад.
Суҳайлӣ фарзанди шоири бузург ва яке аз устодони назми мутааххирини замони гузашта - Ҷавҳарӣ Зуфарҳони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо