Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Истаравшанӣ мебошанд. Истеъдоди шеъру шоирӣ ба он кас мероси авлодист. Дар қоидаи шеърнависӣ, дар донистани вазну қофияву саҷъ устод буданд. Лекин аксари шеърҳояшон «қадимона», такрори образҳо ва ғоя буд. Шеърҳояшонро бад гуфтан нашӯяд, дар замони худашон ба харҷ мерафт, вале хубу аъло гуфтан ҳам нашӯяд. Фикри бикр ҳам буд, бештар таърифу тавсифи замон, одамон ва комёбиҳо буданд. Шогирдҳо доштанд. Чунончӣ, Фарҳат, Ҳабиб Назаров ва дигарон. Мегуфтанд ки аз шогирдон Фарҳат истеъдод дорад ва аз рӯи маслиҳат пухта кор мекунад. Дар шеърҳояш хатои вазнӣ ва маъноӣ кам вомехӯранд. Аммо Ҳабиб Назаров истеъдоди хуб надорад, лекин одами галақадаро ва ба худ ҷалбкунанда аст. Вазири адлия буд, баъд раиси суди олӣ шуд. Маро ҳурмат мекунад, ман ҳам мувофиқи он ӯро дӯст медорам ва шеърҳояшро ислоҳ карда медиҳам...
Ин Ҳабиб Назаров бо ман дӯст буд ва ҳамкорӣ мекард. Боре, дар хонаи эҷодии «Переделкино» ҳамроҳ будем. Дар вақти сӯҳбат ҳикояти Сафармахсум ном ҳамқишлоқии худро ба ман нақл кард. Бале, ҳаминро гӯям, ки Ҳабиб қиссапардоз буд, нағз ҳикоя мегуфт, аз сӯҳбаташ канда намешудед. Ман ҳам ҳикоят (ҳаҷвия)-ҳои Сафар махсумро шунида, гуфтам, ки чаро оид ба ин шахс ва латифаҳои ӯ романе наменависӣ? Гуфт ки худам наметавонам, биё ҳамроҳ кор кунем. Ман розӣ шудам. Вай дар 16 саҳифаи коғази блокнот баъзе латифаҳои Сафармахсумро навишта дод. Баъд, ман аз ин 16 саҳифа коғазпораҳо як романи 16 ҷузъи чопӣ навиштам, ба машинка чоп кунондам, Ҳабиб ягон ҳарфи дигар нанавиштааст. Пас, инро дониста як қисм рафиқон ба ман маслиҳат доданд, ки китобро бо имзои худам барорам. Инро ба Ҳабиб гуфтам, ба ту пули латифаҳоятро медиҳам, дар сарсухан номатро зикр мекунам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо