Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Бурҳониддин (амаки ман) дар байни мулло ва муллобачагон обрӯй дошт, амир ба вай сахтгирӣ намекард. Падарам аз Чорҷӯй баргашта як ҳафта, даҳ рӯз дар ҳавлӣ буд. Моро ба мактаби кӯҳна, ки дар «Лаби Чуқурӣ»-и паси мадрасаи Азизхон буд, ба хондан дод. Баъд, гӯё рикобӣ шуд. Ману бародарам дар дасти муллои «нимчамулло» мехондем. Ман Ҳафтяку Чоркитоб мехондам. Зеҳнам тез буд. Сабақҳои додашударо зуд азёд мекардам. Домулло ҳам, барои гирифтани инъому эҳсон зуд-зуд сабақҳои нав медод ва ман дар андак муддат Ҳафтякро ба охир расонида, Қуръон гирифтам. Қуръон гирифтан як тӯй буд. Ба домулло ҷома пӯшониданд, ба мактаб ду-се лаълӣ нону ширинию мавизу чормағз доданд. Ба ман ака Турсун аз бозорӣ китоб як қуръони чаппаи зарҳалкорӣ ва хушхат харида дод. Аммо акем базӯр Ҳафтякро тамом карда Қуръон гирифт. Бисёр вақт мактабгурезӣ мекард...
Ҳамин тавр, баҳор гузашту тобистон расид. Мо бе таътил мехондем, фақат рӯзи ҷумъа озод будем. Рӯзҳои ҷумъа дар хонаҳои масҷиди Мавлоно Шариф ҷаҳр мешуд. Ман аввалин бор дар умри худ ҷаҳрро дидам. Масҷид ва хонаҳои Мавлоно Шариф хеле калон буд. Рӯзи ҷумъа одами бисёре ҷамъ мешуд. Даруни хонақоҳ, беруни он, таи айвон ва саҳни масҷид аз одами намозхон пур мешуд. Пеш аз намоз дар қарибии меҳроби масҷид як ҳалқа (тақрибан даҳ-дувоздаҳ нафар) қаландармонанд одамон давра мегирифтанд ва ҳама баробар бо ритми (вазни) муайян «ҳо-ҳу» гӯён садо мебароварданд ва ҳофизони хушхон ва машҳури ҳамон замона (аз қабили Қорӣ Камол, Қорӣ Наҷм) ба по рост истода дар мақомҳои классикӣ шеърҳои сӯфиёна ва ғамгинро бо вазни «ҳо-ҳу»-и қаландарон тарона мекарданд. Бисёрии одамон маҳз барои гӯш кардани ҳофизии ҳамин сарояндагони хушовоз ҷамъ мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё