Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Оҳиста-оҳиста қаландарон ба ваҷд омада қи-чу мекарданд, аз даҳонашон қафк баромада, ҳатто беҳуш шуда меафто-данд. Беҳуш шудагонро берун мекашиданд... Ин ҳама, то вақти намоз давом мекард. Гоҳо пас аз намоз ҳам одамҳо нарафта ҷаҳрро давом медоданд. Ин барои мо бачагон та-мошои аҷибе буд.
Падарамро қариб ду моҳ надида будем. Як рӯз ака Тур-сун хурсандона хабар дод, ки падарам моро ба наздаш даъват кардааст. Ҳамон рӯз ака Турсун аз куҷое кӯтакаробае ёфта, ману бародарамро бор карда ба сӯи Си-тораи Моҳи Хосса равон шуд. Дар қарибии боғи Ситораи Моҳи Хосса нохост аробаро боздоштанду ака Турсун амр дод, ки мо сар хам карда ба рӯи ароба дароз кашем ва аз болои мо кӯрпа партофт. Ман ки хеле кунҷков будам, кӯрпаро бардошта ба роҳ нигоҳ кардам. Дидам ки аз роҳи калон аспакиҳои бисёре гузашта истодаанд ва баъд дар байни онҳо фойтуни калоне бо аспҳои «америкой» (аспҳои калони сиёҳпӯст, ки зоташонро америкой меномиданд) низ гузашта рафт. Пас аз дур шудани онҳо ака Турсун аз болои мо кӯрпаро бардошт ва гуфт, ки амир гу-зашта рафт. Хайр, барои чӣ моро пинҳон кардед, гуфта пурсам, ҷавоб дод, ки мабодо чашми амир ба шумоён аф-тад, хуб намешуд. Чаро хуб намешуд, чунки амир бачаҳои хушрӯйро кашида гирифта ба худаш маҳрам мекунад, гуфт ака Турсун.
Чорбоғи бошандагони рикоби амир дар қафои чорбоғи Ситораи Моҳи Хосса буд. Падарам моро дида хурсанд шуд, бӯсиду навозиш кард. Вай хеле фарзанддӯст буд. Би-но барон буд, ки дар рикоби амир истода моро чеғ зада ба наздаш овард. Мо ду-се соат бо вай будем, баъд хайрухуш карда ба шаҳр баргаштем.
Дар моҳи сеюм падарам аз рикоб озод када, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё