Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

нек паҳн шудан гирифтанд. Ба ман аз берун як порча рӯзномаро расониданд, ки дар он устод Айниро таъриф карда навиштаанд ва гуфтаанд, ки Айнӣ пас аз беморӣ офият ёфта, дар бораи оилаи Файзулло Хоҷаев роман навишта истодааст. Ин хабар маро хеле шод кард, зеро ки ман барои устод Айнӣ ҳабс шуда хобида будам, модоме ки устоди ман саломат ва бегуноҳ аст, ман ҳам бояд озод шавам ва бегуноҳии ман ҳам исбот шавад. Дар ҳақиқат пас аз чанд гоҳ (дар моҳи ноябр) ҳабсиҳоро озод кардан гирифтанд. Инчунин хабар омад, ки аз НКВД-и марказӣ Ежовро гирифта паррондаанд ва ба ҷои ӯ дӯсти наздики Сталин — Берия вазир шудааст. Ин Берия, гӯё одами доно, ҳақиқаткунанда ва пуркувват будааст. Ҳабсиҳои бегуноҳро озод мекардааст. Баъдтар ба ман аён шуд, ки Берия ба НКВД омада, як дараҷа фармон додааст, ки одамони безарар ва оддӣ, ҳабсиҳои бемансаб ва қаториро озод кунанд. Бо ҳамин, вай ба худ обрӯ ва эътибор гирифтанӣ будааст.

Як бегоҳӣ вазири НКВД-и Тоҷикистон — Загувоздин худаш ҳабсхонаҳоро гашта, аз ҳоли ҳабсиҳо пурсон шуд. Вақто ки ба хонаи мо омад, бисёриҳо ба вай ариза дода, аз нодуруст ҳабс шудани худ шикоят карданд. Ман ки ариза нанавишта будам, дар дами дар рост меистодам. Загувоздин ба ман рӯбарӯ шуда пурсид, ки кистам ва чаро арз намекунам. Ман гуфтам, ки фалонҷа ҳастам, барои шогирди Айнӣ буданам ҳабс шудаам. Загувоздин гуфт, ки Айнӣ нависандаи бузург аст. Ман гуфтам, ки барои ин нависанда мани бегуноҳ ҳабс шудам. Гуфт, ки дар ин қарибӣ натиҷаро мефаҳмед! Гуфтам, мани силқасал то расидани натиҷа мемурам. Не, ба зудӣ мефаҳмед! гуфт Загувоздин. Гапаш рост баромад. Дар нимаи моҳи декабр маро ба берун чеғ заданд. Он рӯзҳо ҳар киро, ки озод мекарданд, дар аснои чеғ задан мегуфтанд, ки бо чизу чора барояд. Лекин маро

пешина
аз 339
навбатӣ