Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бе чиз чег заданд. Ба даруни автомобили «Зоги сиёҳ» даромада Калонтаров ва Навбариро дидам, ки шоду хурраманд, ба ман навиди озодиро доданд. Ман бовар намекардам. Боз ҷавони дигарро бор карданду ба бинои вазорати НКВД оварданд ва ҳамаи моро ба ҳаммоми ҳабсхонаи дохилӣ ҷо карда монданд. Ин дафъа муомилаи ҳабсибонҳо хеле мулоим буд, ба мо дӯғ намезаданд.
Дар ҳаммом аввал ҳамон ҷавонро чег зада бурданд ва бознагашт. Мо як шаб ба рӯи харакҳо пинак карда гузаронидем. Рӯзи дигар Калонтаровро бурда озод карданд. Пас маро чег заданд, рост ба кабинети калон ва пурдабдабаи вазир бурданд. Загувоздин дар сари столи калони корӣ нишаста буд. Маро дар қарибии дари даромад, ба рӯи курсӣ шинонданд. Вазир пурсид, ки шумо ба миллатчигии худ иқрор ҳастед ё не. Гуфтам, миллатчигии мани нависанда бояд дар асарҳоям акс ёфта бошад. Канӣ, ягон сатр ёфта исбот кунед! Загувоздин хандид ва аз ҷо бархоста ба рӯи хона қадам задан гирифт. Гуфт ки шуморо ба хеле гуноҳҳо айбдор кардаанд, лекин мо тафтиш карда мефаҳмем. Гуфтам, то фаҳмидани шумо мани силқасал дар ҳабсхона мемирам. Не, гуфт натиҷаи тафтишро зуд мефаҳмед ва фармуд, ки маро гирифта баранд. Боз ба ароба бор карда ба ҷои худ, яъне ба ҳабсхонаи умумӣ бурданд. Чӯлибоев ва дигарон аз ман ҳолу аҳвол мепурсиданд. Ҳама воқеаро гуфта додам. Чӯлибоев ва дигарон маро тасалло дода гуфтанд, ки озод мешавам.
Ду рӯз баъд, 20 декабр маро боз чег заданд, ин дафъа бо
чизу чораҳоям. Дар ҳабсхона одат будааст, ки ба одами
озодшаванда ҳамаи чизу чораҳояшро медоданд, ки аз
ҳабсхона берун барад, набушад агар ягон чиз монад, боз
гашта ҳабс шудани он кас мумкин мешудааст. Инак, ба
ман ҳамаи чизҳоям, чойник, кружка, косаи чӯбин,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо