Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба сӯи кӯчаи Гӯркӣ (ҳоло Теҳрон), ба тарафи беморхонаи шаҳрӣ баргаштам. Пас, аз даруни шаҳраки ҳарбӣ, кӯчаи бозор ва кӯчаи «Аскарони Сурх» рафтан гирифтам, то ки ба майдони назди радио баромадам. Он вақтҳо ин кӯчаҳо канори шаҳр ва ҷойҳои камодам буд. Дар кӯчаи Интернатсионал аз бачаҳо пурсидам, ки Саодат Икромӣ дар кадом ҳавлӣ истиқомат дорад. Онҳо ба ман тангкӯчаеро нишон доданд, ки охираш ҳавлӣ буд. Дар он ҷо аз ҳамсояҳо дараки Саодатро пурсидам. Онҳо дар канори ҷӯйчае, як айвонаки хурд ва кулбаи ҳақиронаеро нишон доданд. Балки духтарчаҳо давида рафта хабар дода буданд, ки раҳмати аммапошшо, оҷет мурад гӯён давида баромаданд, аз паси он кас Саодат, ки сар шуста истода будааст, бо обҳои чаккон давида баромад. Вохӯрие шуд, ки ҳеҷ фаромӯш намекунам.

Охир як солу ду моҳ ман аз Саодати ҷонам, аз аммаи ғамхорам ва аз ҷигаргӯшаҳоям Замираҷону Ҷононҷон ҷудо, дар коми наҳанг, дар ҳабсхонаи бадтарин ҳабсхонаҳои дунё, дар дасти хунҳӯрони Ежов ва Берияи золим будам, гирифтор аз равшанӣ, аз офтобу зиндагӣ, аз хуррамию хурсандӣ маҳрум будам; чӣ будани муҳаббат, навозиш, ҳавои софу озодиро фаромӯш карда будам; якбора худро дар оғӯши маҳбубаам Саодат ва модари ғамхорам — аммапошшо дидам; Замира дар атрофи мо ҳайрон чарх мезад, занҳои ҳамсоя баромада ба гиря ва хурсандии мо шарик шуданд. Он рӯз дар ҳаёти ман яке аз хуштарин, яке аз босаодаттарин рӯзҳои зиндагониам буд. Он рӯз (рӯзи 20 декабри соли 1938) ман дуюмин бор ба дунё қадам мондам, ҳаёти дубора дидам. Ҳаёти дубора ширинтар аз ҳаёти аввала будааст. Чаро ки дар вақти аввалин бор ба дунё омадан, кас аз ҳама чиз бехабар мешавад, фақат оғӯши модар ва пистони пуршири ӯро медонаду

пешина
аз 339
навбатӣ