Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

либосҳоям ва ҷойхобамро бор карданд. Ман танҳо, бо чизу чораҳоям ба вазорат омадам. Аввал маро ба як хона дароварданд, ки чанд нафар ҷавонҳо кор карда менишастанд. Онҳо ба сӯи ман бо назари ғамхорӣ нигоҳ карданд ва пурсиданд, ки чанд гоҳ аст, ки ҳабс ҳастам. Гуфтам чаҳордаҳ моҳ. Онҳо бо таассуф сар ҷунбониданд. Пас маро ба назди муовини вазир дароварданд. Вай ба ман рафиқ гуфта хитоб кард ва гуфт, ки бинобар набудани гуноҳам маро озод карданд. Ман бояд ба ҳамаи ҳаққу ҳуқуқи собиқам молик шавам. Ин чандмоҳа ҳабс шуданам бояд ба кору бори ояндаам халал надиҳад. Ман сад фоиз сафедшуда ҳастам. Агар касе чизе гӯяд, ба ман телефон кунед! Ана ин номери телефони ман, ана ин хати сафед шудани шумо! Саломат бошед!

Ман хурсанд шуда, аз назди вай баромадам. Чизу чораҳоро гирифта аз дарвозаи калоне ки як вақтҳо маро бо мошин дароварда буданд, берун шудам. Ҳеҷ бовар намекардам, ки озод ҳастам. Ҳар замон ба қафо менигаристам, ки посбон ҳаст ё не. Аз дарвоза ба кӯчаи Ленин баромадам. Ба рӯи пиёдагард (тротуар) қадам монда будам, ки ду-се ҷавони нобакор гузашта истода ба ҳам мегуфтанд: ана душмани халқ! Ман инро шунида фикр кардам, ки бо кадом роҳ ба хона равам. Бо роҳи калон бояд аз ҳама ҳамин таъну лаъни «душмани халқ» буданамро шунавам! Ман фикр карда бо роҳу паскӯчаҳои камодам рафтанӣ шудам.

Ногуфта намонад, ки боре Саодат ба ман камтар пиёзу ношпӯтию дигар чизҳо дароварда, бо хат хабар дода буд, ки онҳо дар кӯчаи Интернатсионал, дар қарибии стансияи радио, дар фалон паскӯча истиқомат доранд. Бинобар он ман бо кӯчаи Ленин то ба чаҳорроҳаи назди китобхонаи Фирдавсӣ (он вақтҳо ба иморати нав накӯчида буд) омадаму

пешина
аз 339
навбатӣ