Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғиждувон қозӣ карданд. Ғиждувон яке аз музофотҳои калонтарин ва ободтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Он вақтҳо дар Ғиждувон ғӯза мекоштанд. Ғалла, мева ва чорпои Ғиждувон бисёр буд. Дар Ғиждувон ҳунармандон бисёр буданд. Суфоли Ғиждувон аз чинӣ камтар фарқ мекард. Хумдонҳои бисёре буд, ки хишт мепухтанд. Кулчаи ширмоли Ғиждувон, ҳалвои терии Ғиждувон машҳур буд. Ҳанӯз ҳам ин чизҳо дар Ғиждувон фаровонанд (фақат он сифат не). Ғиждувон пиллаи бисёр медод. Бозори пилла дар боғи масҷиди Ҷомеъ, ки дар паси Қозихона воқеъ буд, барпо мегашт. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа пиллафурӯшон дар сабадҳои калон пиллаҳои сафеду сурхчарангро оварда савдо мекарданд. Харидор ва фурӯшкорони бисёре ҷамъ мешуданд. Мо бачаҳо пиллаҳои ба замин афтодаро чида мегирифтем. Онҳоро ба хона оварда, бо тавсияи кампирон ба як мех ҳамел карда меовехтем. Пас аз чанд гоҳ аз пилла шапалак мебаромад. Шапалак, ки баромад, парида намерафту ба ҳамон пиллаҳои тешук карда баромадааш часпида меистод. Мо ба зери ҳамэли пилла халтаи даҳонкушодро меовехтам, ки шапалакҳо ба он тухм мепартофтанд. Намедонам, фаромӯш кардам, ки тухми пилларо чӣ кор мекардем. Маълум, ки онро дар хонаҳои махсус, ба рӯи пӯстакҳо паҳн карда монда, аз рӯяшон барги тут мечинанд. Пас аз гузаштани фурсати муайян аз тухми шапалак кирмаки пилла мебарояд ва ба хӯрдани барги тут сар мекунад. Пас аз чанд ҳафта дар шохаҳои дарахти тут пилла танида мемонад. Бо ҳамин ин ҷонвараки пурфоида ду навъ ҳаёт мегузаронад. Аввал кирмаку баъд шапалак. Донистани худи ҳамин, ки ба мо аз таҷриба айн шуда буд, як илм ба шумор меравад.

Падарам дар Ғиждувон даври накӯи умри худро гузаронид. Қозихона дар шафати намозгоҳ ва боғи калони он

пешина
аз 339
навбатӣ