Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

карда (кулча сохта) аз рӯяш шинӣ пошида; табақчагӣ бошад, ба табақчаҳои мисин соз карда, шинӣ пошида медоданд. Яхдонҳо дар Ғиждувон бисёр буд. Зимистон одамони ҳамин касб ҳавзҳо, кӯлҳоро яхбандонда, яхи рӯи обро ба воситаи об рехта истодан ғафс карда, бурида, тахта-тахта карда мегирифтанд ва дар саҳро ҳавз канда, яхҳоро боло-болои ҳам мегузоштанд бо найю хасу беда пӯшонда гирду атрофаш ва болояшро хокпӯш мекарданд, баъд тобистон аз як канараш кофта яхро мегирифтанд ва истеъмол мекарданд. Ин ҳамаро ман дар Ғиждувон дида будам. Дар Ғиждувон кулчаи ширмол машҳур буд (ҳоло ҳам машҳур аст). Худам дида будам, ки як қишлоқи калон фақат кулчаи ширмолпазӣ мекард. Ширмоли Ғиждувон ба Бухоро ва дигар шаҳрҳо мерафт, ҳарчанд ки дар хона нонҳои равғанӣ ва фатирҳои бомаза мепухтанд, лекин мо дар бозор боз ҳавас карда кулчаи ширмол ва ҳалвои терӣ харида мехӯрдем.

Дар солҳое, ки мо дар Ғиждувон будем, амир бо Русия муносибаташро канд. Бинобар он қанду карасину гӯгирду газворӣ барин матоъҳо аз бозор тамоман барҳам хӯрданд. Лекин халқи ҳунарманд бе ширинӣ, бе равшанӣ ва бе оташ намонд. Шинниҳои пермастӣ ривоҷ ёфт. Ин шинниҳо чунон ширин ва чунон болаззат буданд, ки қанд дар пеши он бемаза менамуд. Аз шинӣ ҳалво мепухтанд, аз шинӣ хӯрок мепухтанд, шинӣ сари дастурхонҳоро оро медод. Дар хонаҳо ба ҷои лампаҳои карасинӣ шамъҳои хурду калон равшанӣ мебахшиданд. Ҳунармандҳои бисёре пайдо шуданд, ки аз чарбу ва равғани гов шамъ мерехтанд. Ҳатто чунин дурӯғ паҳн шуда рафт, ки гӯё як устои шамърез морро кушта, дар шиками мор пундона парварирда, пахта ҳосил кардааст ва аз он пахта пилта сохта, шамъ рехтааст, ки дар вақти даргирондони

пешина
аз 339
навбатӣ