Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

он шамъ, ба ҳар ҷо, ки шунаъии шамъ расад морҳо бозӣ карда мегаштаанд... Мо бачаҳо ба ин афсонаҳо бовар мекардем ва аз бозор ҳамон хел шамъ мекофтем. Шамъҳои нимчагӣ, чаҳорякӣ ва ҳар хела месохтанд, ки аз шунаъии ду-сетои он хонаҳои калон ҳам равшан мешуданд. Модоме ки шамъсӯзӣ расм шуд, ба он микроз (асбобе, ки «бинии» шамъро мегирифтанд) ҳам баромад. Ба ҷои гӯгирди фабрикӣ олтингӯгирд баромад. Чӯби дарахти бурсро хушконида, хилол карда, бандча месохтанд ва ду тарафашро ба «олтингӯгирд» (сера) ғӯтонида мегирифтанд ва дар вақти лозима, онро ба чӯғи оташ расонида аланга ҳосил мекарданд. Олтингӯгирд бад набуд, лекин барои истеъмоли он дар хонадонҳо албатта як чӯғ оташро саришта карда нигоҳ доштан лозим буд. Ҳатто санги чақмоқро ба кор бурданд.

Ба ҷои читу сатину дигар газвориҳои фабрикӣ карбосу қаламию алочаю шоҳию дигар матоъҳои ҳунармандӣ - бофандагӣ пайдо шуданд. Чунон карбосҳои нафис мебофтанд, ки қариб аз суф фарқ намекард. Дар қозихона аксарияти мо курта-эзорҳои карбосӣ мепӯшидем. Қаламиро намегӯед; ҳунармандони гулдаст қаламиҳое бофта мебароварданд, ки рангу нусхаи он қариб аз алочаи абрешимӣ фарқ намекард!

Ҳамин тавр будааст зиндагӣ! Дар эҳтиёҷ эҷодкории халқ тараққӣ мекардааст!

Дар бозорҳо ва шаҳру деҳот қаландарҳо, ҳуққабозҳо, «девонаҳо», «мардони худо» бисёр шуда рафтанд. Дар мазорҳо, дар гӯрхонаҳо шайху қорию дуохонон ба «корнамой» даромаданд. Мардум ба фиребу найранги онҳо бовар мекарданд. Афсонаҳои деву парӣ, гӯру қиёмат, дунёбезорӣ ривоҷ ёфт. Намедонам аз чӣ бошад, ки мардум бо ҳамин нақлу афсонаҳо тасаллӣ меёфтанд ва аз

пешина
аз 339
навбатӣ