Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ба туманҳо барояд ва «қувваю тавони» худро ба мардуми деҳот нишон дода тарсонда монад ва инчунин аз ғаму ғуссаи ҷадидкушӣ ва ғавғои шаҳри Бухоро каме осуда, дар Ғиждувон ду-се рӯз давр ронад.
Ҳоло ман фаҳмидам, ки ин сафари амир ба табъи падарам чандон нафорида буд, зеро, аввалан ташвиши қабулу тортӯқ тайёркунӣ ва таъмини аскару одамони вай як кулфати калон буд. На дар қозихона, на дар амлокдорхона барои ҷо ба ҷо кардани ҷамоа ва наздикони амир шароит набуд. Бинобар он падарам маҷбур шуд, ки ҳам ояи хурдӣ ва ҳам ояи калонӣ ва мо ва умуман бошандагони ҳавлиҳои дарунро кӯчонад. Дар қарибии қозихона, дар пешгаҳи майдонӣ, дар баландии ҳавлии калон ва дабдабаноки Қазоқҷонбой буд, ки дар рӯзҳои «меҳмонии» амир мо ба он ҷо рафтем. Дар ҳавлии беруни қозихона дегҳои калон шинонда ошу каобу шӯрбо мепухтанд. Дар меҳмонхонаҳо ва хонаҳои ҳавлиҳои дарун одамони амир меистоданд. Дар майдониҳои гирди қозихона ва боғи намозгоҳ аскарҳо чодаручаман заданд. Худи амир дар ҳавлии амлокдор буд.
Аммо рӯзи омад-омади амир мо дархуд набудем. Шодии мо ҳад надошт, ки амирро ва аскарони ӯро мебинем. Барои тамошо, ака Турсун моро ба рӯи боме, ки дар рӯ ба рӯи дарвозаи амлокдорхона буд, гирифта баровард. Он бомҳо аз аввали пагоҳ пур аз тамошобин шуда буданд (хайрият, ки ягон боми хона аз вазни он қадар одам начӯкид!).
Поён-кӯча ҳам пур аз одам буд. Ҳама ба роҳи сари пул нигоҳ мекарданд, ки роҳи Бухоро дар он тараф буд. Ҳар замон якто аспакӣ омада мегуфт, ки амир омаданд. Ҳама бо ғулғула ба сӯи омади амир менигаристанд, мунтазир мешуданд, лекин аз амир дарак набуд. Боз пас аз ним соати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё