Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам мешунаванд ва талабамро адо мекунанд.

— Набошад аз париҳоятон талаб кунед, ки дар ин ҷо барои шумо як кӯшк созанд!

— Ба ман кӯшк чӣ лозим, — мегуфт «марди худо» ба суоли ман. — Ҳамин пӯстаки зери поям, ҳамин гулхан ва ҳамин коза ба ман басу кифоя!

Боз мандонамӣ карда чизе пурсидани будам, ака Турсун манъ карду гапи дигарро пурсид:

— Марди худо, гӯед, ки қиёмат кай мешавад?

— Қиёмат наздик аст! — мегуфт вай. — Гуноҳи одамон аз ҳад гузашта истодааст. Ба мардони худо, ба қаландарони худоҷӯй эътикод кам шуда истодааст. Тавба кардам, бад кардам, астағфируллоҳ! Ёҳу, ёманҳу!

Пас ака Турсун аз бағалаш якто нони гарм, якто кулча бароварда ба назди қаландар гузошт ва кисаи худро кофта, намедонам чанд танга ба дасти ӯ дод ва «дуо» гирифта аз ҷо бархост...

Аммо падарам ба ин хел қаландарҳо ва «мардони худо» ва ҳуққабозҳо бовар надошт. Вақто ки ман дар бораи онҳо гап мекушодам ва аз дидагию шунидагиҳоям нақл мекардам, хуб механдиду мегуфт, ки онҳо дурӯғгӯянд, онҳо фиребгар ва найрангбозанд. Ба гапҳои онҳо бовар накун! Пагоҳ-фардо амир ба Ғиҷдувон омада истодааст, ана аскарҳои амирро тамошо мекунед. Ман ба Турсун мегӯям, шуморо ба ягон баландӣ бароварда тамошо диҳад.

Ҳақиқатан, амир азми Ғиҷдувон карда буд. Сабаби ин дар он буд, ки рӯзҳои охир вай ҳис мекард, ки аз зери пояш замин фурӯ рафта истодааст ва мардум аз дастгоҳу боргоҳи ӯ наметарсидагӣ шудаанд. Хавфи шӯриши умум рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Бинобар он вай хост, ки тӯпу тӯпхонаи мавҷудаи худро ва чанд даста аскаронашро бо нақораву сурнай ва оркестри европоӣ ҳамроҳ гирифта

пешина
аз 339
навбатӣ