Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

фаровон омада истодаанд, лашкари куффор, гӯё ақибнишинӣ кардааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳамон шаб садои тӯп каме хомӯш шуд. Лекин рӯзи панҷум, аз аввали пагоҳ боз садои тӯппаронӣ зӯртар шуд. Ҳатто ба ҳамин канори шаҳр ҳам тирҳои «шрапнел» ғув-ғув карда омадан гирифтанд. Пас боз фармон шуд, ки зуд аз шаҳр берун равем.

Ҳамон рӯз он қадар саросемагӣ, он қадар дӯлоб шуд, ки ман дуруст дар хотир надорам. Ҳамин қадараш ба ёдам аст: пиёда, аспакӣ, ҳаракӣ, бо аробаҳо мардум аз шаҳр баромада, гурехта рафта истода буданд. Дар миёни он издиҳом ман саргардон шуда монда, аз аҳлибайтамон ҷудо шудам.

Мегиристам, ба одамҳо муроҷиат мекардам, лекин ҳеҷ касро ба ман коре набуд... Нохост, бинам, ки ока Турсун ба як аспаке савор, маро ҷустуҷӯ карда гаштааст. Давида ба наздаш рафтам, гуфт, ки ба қафои вай ба асп савор шавам. Лекин ҳеҷ наметавонистам. Хурд будам, қадам намерасид. Ба одамҳои калонсол зорӣ карда хоҳиш мекардам, ки ба ман ёрӣ диҳанд, то ки ба асп савор шавам. Лекин ҳеҷ кас ёрӣ намедод. Ниҳоят ока Турсун аспро ба канори як баландӣ ронд, ман аз он баландӣ ба асп, ба қафои зин савор шудам ва маҳкам аз миёни ока Турсун дошта гирифтам. Ака Турсун асп ронда, аз дарвозаи Тали Поч ба беруни шаҳр баромад. Ба беруни шаҳр мардум ба ҳар тараф парешон шуда, роҳ андаке холитар шуд. Ана, дар ин ҷо мо ба аробае, ки дар он аҳлибайти мо (ояи калонӣ, хоҳарам, акаам ва дигарон) нишаста буданд расидем. Ман аз қафои асп ба ароба гузаштам ва оҳи сабуке кашидам. Ароба аз они амаки Абдулҳафиз ном мулозими амакам будааст. Вай моро гирифта ба ҳавлии худаш мебурд. Аммо ояи хурдӣ ва бародару падари ӯ чӣ шуданд, намедонам. Баъд фаҳмидам, ки онҳоро амаки Муҳаммадиҷоҷаи тарикачӣ саравонӣ

пешина
аз 339
навбатӣ