Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

воқеъ гашта буд. Ман дар синфи аввал мехондам. Якумин бор ба парта нишаста, қаламу дафтару китоби алифборо бепул гирифтам. Дарси забон, дарси ҳисоб, дарси таълимоти диния, дарси гимнастика ва дарси «Шарқӣ» (яъне сурудхонӣ) буд. Ба ман ин мактаб хеле маъқул шуд. Баъдтар дарси ҳусни хат, дарси забони русӣ ҳам илова шуд. Аз саҳар то соати чор-панҷи бегоҳӣ мехондем.

Ба мо либос - формаи бисёр хуб доданд. Куртаҳои сафед, шалворҳои кабуд, миёнбандҳои заррин, телпакҳои рӯяш аз матои пашминаи сафед, дарунаш махмалин буд. Ҳар мактаб формаи ба худаш махсус дошт. Мактабҳои «Намуна», «Тӯрон», «Авлоди Шуҳадо» ва ғайра ташкил шуда буд. Вақто ки мо поймашқ карда, шарқӣ хонда ба кӯча мебаромадем, мардум тамошо мекарданд. Баъдтар нақора ва най доданд. Ду най, ду нақора. Ман нақора гирифтам. Дар кӯча нақора ва най навохта гаштугузор мекардем. Як рӯз дар таи тоқи Заргарон нақора навохта, поймашқ карда гузаштани маро аммаам дида, чунон гиристанд, ки базӯр худро ба ҳавлӣ расонидаанд ва ба падарам арз кардаанд. Падарам он касро тасалло дода гуфтаанд, ки зарар надорад, мактабҳои нав ҳамин хел мешавад.

Бале, нақоранавозӣ, нақорачӣ будан дар он дам айб башумор мерафт. Дар Бухоро инқилоб шуда, ҳокимияти нав ташкил ёфта бошад ҳам, ҳаёту маишати кӯҳна ҳанӯз побарҷо буд. Дар ҳама масҷидҳо сӯфиҳо азон мегуфтанд, мардум панҷ вақт намози худро дар масҷидҳо адо мекард. Дар моҳи рамазон сӯфиҳо, мисли аввала, ба болои манор баромада азони шому бомдодро мегуфтанд ва саҳарҳо дар нақорахонаи арк нақора менавохтанд. Дар гузарҳо оқсақолҳо ҳукмронӣ мекарданд. Ҳукумати халқии Бухоро қозию муфтиҳоро боз аз нав расмӣ кунонд. Мардум - ҳар кас, ки хоҳад, арзу додашро ба қозӣ мегуфт ва ҳукми ӯ раво

пешина
аз 339
навбатӣ