Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Фақат ҳамин, ки қозиҳо ба қонуну қоидаи нав риоя мекарданд. Масалан, ба занҳо тааддӣ кардан, ба хизматгорҳо зулм кардан ва истисмор намудан, порахӯрӣ ва ғайра манъ буд. Инчунин судҳои халқӣ ва назорати адлия низ ташкил ёфта буд, ки ҳар кас мехост арзу доди худро ба судҳои халқӣ кунад. Падари ман чанд гоҳ муовини қозӣ шуда кор карданд. Вале пас аз панҷ-шаш моҳ истеъфо дода баромаданд ва он касро мувофиқи хоҳиши худашон (азбаски ба корҳои духтурӣ ва ҳифзи сиҳат муҳаббате доштанд) мудири бемористони асосии шаҳри Бухоро, ки дар қарибии дарвозаи «Шайх Ҷалол» буд, таъйин карданд. Падарам дар ин ҷо хеле нағз кор карданд. Бо маслиҳати духтурҳо чандин шӯъбаҳои нав – шӯъбаи бемориҳои дохилӣ, шӯъбаи бемориҳои сирояткунанда, ҷарроҳӣ ва ғайраро тартиб доданд.

Бале, фаромӯш кардаам, ҳукумати Бухоро шӯъбаи авқоф ҳам ташкил дод, ки сардори он қозӣ Шарифҷонмахсум буданд. Ин шӯъба то солҳои охири ҳукумати халқии Бухоро давом кард. Дар солҳои 1924 буд, магар ки дар вақти таътил бо ташаббус ва корчаллонии Сулаймонхон (ҷиянам — писари Усмонхон ва хоҳари Саодат) дар ҳавлии навсохти Абдураҳмон Ҳамидӣ (ҳамсояи мо) «артел»-и санбӯсапазӣ сохтем. Дар «танӯр» (духовка)-и ошхонаи Абдураҳмон санбӯсаҳои гӯштини бисёр нағз мепухтагӣ шудем. Дар гӯшту пиёз резакунӣ ман ёрӣ медодам. Ҳамирашро Абдураҳмон мегирифт. Ба рӯи санбӯсаҳо зардии тухм молида, ба духовка мемондем ва пас аз замоне дар ҳақиқат ҳам санбӯсаҳои хушбӯ ва хуштам тайёр мешуд. Зуҳурхон, Аслихон (амакбачаҳоям) ва Сулаймонхон санбӯсаҳоро ба лагандҳо ва лаълиҳо андохта дар вақти танаффуси нимрӯзӣ ба идораҳо мебурданд ва пул карда меоварданд. Дар байни ин фурӯшандагон аз

пешина
аз 339
навбатӣ