Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
хӯрокворӣ, оши палав, шӯрбо, манту ва ғайра; чойи кабуд, нон, ҳалво ва ширинӣ муҳайё буд. Дар як қисм чодарҳо ҳофизҳои машҳури ҳамон вақт базм мекарданд. Дар майдонҳо гӯштингирӣ (кураш), масхарабозӣ, сирк, театр ва киноҳо кор мекарданд. Ин чодарҳо ва кӯчаҳои он аз саҳар то ними шаб пур аз одам буданд. Ҳар кас, ки ба чодари фирка даромада зиёфат хӯрд, дар вақти баромада рафта истоданаш ба дасташ билети сурх медоданд ва мегуфтанд, ки акнун шумо аъзои фирка шудед. Онҳое, ки дар ҳақиқат мехостанд, ки аъзои фирка шаванд, аз ин марҳамат хурсанд мешуданд ва онҳое, ки намехостанд, билети сурхро намегирифтанд. Дар чодари комсомол ҳам ҳамин ҳол буд, фақат дар ин ҷо ба ҷавонон билет медоданд.
Мо бачаҳо бештар ба чодари комсомол медаромадем ва зиёфат мехӯрдем.
Ана дар ҳамин Сайли Наврӯз Сулаймонхони корчаллон намедонам аз куҷо ду қуттӣ тамокуи паперосбоб ва коғази паперосро ёфта, ба ман омӯхт, ки чӣ тавр ба воситаи гилза (асбоби тамокуҷудокунак) паперос созем. Мо ду кас ду қуттӣ паперос сохтем ва дар шоҳроҳи сайлгоҳ нишаста паперосфурӯшӣ кардем. Дар ин кор ҳам Сулаймонхон пешдастӣ кард ва дар охири рӯз тамоми як қуттӣ паперосро пул кард. Аммо ман лоақал ним қуттиро ҳам фурӯхта натавониста, ба хона баргаштам. Бегоҳӣ ояи калонӣ ин кори маро ба падарам гуфта, қуттии паперосро нишон додааст. Падарам қуттиро бо ҳамаи паперосҳояш ба халоҷо партофтааст. Рӯзи дигар аз хоб бедор шуда бинам, қуттии паперос дар ҷои мондагиам нест. Ояи калонӣ хандаи заҳрин карда, ба ман нигоҳ кард ва гуфт:
— Дадет ҷазоятро медиҳад.
Аммо падарам ҷазо надод. Ба ман бо қаҳру ғазаб гуфтанд, ки агар дубора ин корро кунӣ «оқ» мекунам. Ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё