Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳама чаққон ва фаъол Аслиддин ва баъд Сулаймонхон буданд. Бечора Зуҳурхон бисёр вақт фурӯхта натавониста, ними санбӯсаҳоро баргашта меовард. Мо аз Аслиддин пурсидем, ки боиси муваффақияти ту дар чист. Вай иқрор шуд, ки як лаганд санбӯсаро гирифта, рост ба идораи авқот (дар мадрасаи болои ҳавзи говкушон ҷо гирифта буд) мебурдааст. Дар он ҷо нишастагон, ки аксарият мулло ва муфтиҳои маълум ва машҳур буданд ва хусусан худи шодравон Шарифҷон Махсум Аслиддинро шинохта ва хориашон омада, баъзеҳо ҳатто оби дида карда (ки фарзанди қозикалони Бухоро санбӯсафурӯш шуд-мӣ?!) дарҳол тамоми санбӯсаҳояшро харида мегирифтаанд ва ҳатто аз нархаш ҳам зиёдтар пул медодаанд. Аслидини бало бошад, пулро гирифта ба сӯи ҳавлӣ медавидааст...
Ин «артел»-и мо тақрибан ягон моҳ давом карду баъд бо ҳар хел сабабҳо (манъ кардани падар ва акаҳои Абдураҳмон, ки ошхонаи вай буд) барҳам хӯрд.
Дар ин ҷо мавқеаш омад, дар бораи корчаллонии Сулаймонхон ва фурӯшандагии ман боз як ҳикоят гӯям:
Ҳукумати халқии Бухоро аз баҳори соли 1921 сар карда, ҳар сол дар Регистон, ки майдони васеъ буд (се растаи калон, тоқи аллофон ва ғайра сӯхта буд, ки ҷои онҳо холӣ монд) иди Наврӯз ташкил медод. Ин иди наврӯзӣ аҳамияти калоне дошт: халқро ба ҳукумати нав ҷалб кардан, тантанаи рӯзҳои озодӣ, ташвиқот ва тарғиботи ҳаёти нав ва ғайра ва ғайра. Бо қарори ҳукумат ҳар як идора ва муассиса дар Регистон чодари худро барпо месохт. Масалан чодари Кумитаи марказии фирқаи иштирокиюн, чодари Кумитаи марказии инқилоб, чодари маориф, чодари камсомол, чодари назорати ҳифзу сиҳат ва ғайра ва ғайра...
Ҳамаи ин чодарҳо нағз оро дода мешуданд ва мувофиқи номашон таҷҳизонида мегаштанд. Дар чодарҳо анвои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё