Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ман ба ҳар гуна ҷанг меарзид.
Ба мактаби «Учунчи Тӯрон» даромада хондани ман ҳам ба падарам хеле маъқул шуда буд. Вақто ки ба мо дарси забони русӣ доданд, падарам хурсандтар шуд. Ҳатто фармуд, ки муаллимаи забони русиро ба меҳмонӣ даъват кунам. Муаллима ба ҳавлии мо омад. Падарам ӯро зиёфат карда, илтимос намуд, ки ба ман бисёртар диққат кунад, ман бояд забони русиро нағз омӯзам. Ба илм, ба маданият, ба забони русӣ аҳамият додани падарам ба бисёр касон, аз он ҷумла ба роҳбарияти ҳукумат ҳам маълум буд. Ӯро ҳурмат мекарданд ва дар ҳама ҷо иззаташро баҷо меоварданд.
Як рӯз (тахмин дар тирамоҳи соли 1922 буд) ман аз мактаб омада, дар кӯча бозӣ карда мегаштам, ки як милиса омада аз мо пурсид:
— Писари Икромҷон кадоматон мешавад?
Ман гуфтам, ки ман мешавам.
— Набошад, пеш даро! — гуфт милиса.
Ман ҳам нотарсида ҳамроҳи милиса рафтам. Вай боз аз дигар гузарҳо як-ду бачаро ҳамроҳ гирифта, ҳамаро ба идораи милиса бурд. Сардори милиса фармуд, ки моро ба назди мудири дорулмуаллимин, ба гузари Сарои сабзӣ барад. Рафтем.
Мудири дорулмуаллимин Аҳрор Шерзода ном касе буд, ки чанд моҳ пеш дар мактаби «Учунчӣ Тӯрон» мудир шуда буд. Вай маро дида шинохту пурсид, ки барои чӣ омадаам. Гуфтам, ки милиса гирифта овард. Аҳрор Шерзода хандид. Гуфт, ки саҳв шудааст, бояд акаи туро меовард. Вай чанд рӯз ин тараф ба курс давом накарда, мактабгурезӣ мекунад. (Он вақтҳо мактабгурезонро бо милиса гирифта мебурданд).
— Хайр, — гуфт Аҳрор Шерзода, — ба акаат гӯй,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё