Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мактабгурезӣ накунад! Исто ки худи ту мехоҳӣ, ки ба дорулмуаллимин омада хонӣ?
— Мехоҳам.
— Бисёр нағз, набошад ман номи туро ба дафтар менависам, аз пагоҳ сар карда ба ҳамин ҷо биё!
— Учунчӣ Тӯронро чӣ кунам?
— Ман худам гуфта мемонам, ки туро ба ин ҷо гирифтём.

Ҳаминро қайд кунам, ки ҳамаи ин сӯҳбати мо ба забони ӯзбекӣ мерафт. Дар Учунчӣ Тӯрон ҳам ман ба забони ӯзбекӣ мехондам. Дар он ҷо, чуноне ки гуфтем, дар қатори дарсҳои забон, ҳусни хат, ҳисоб ва шарқӣ, инчунин дарси диния ҳам буд. Тобистони соли 1922, ҳанӯз мактабҳо таътил нашуда ба мо як мардаки тошканди мудир шуда омад. Вай дарси диния ҳам медод. Боре мо дар синф ҷамъ шуда нишаста будем, ки мудир бо қавоқи гирифта, ба синф даромад. Ман чун сардори синф хабар додам, ки бачаҳо ҳама ҷамъанд. Мардаки тошканди ба ман нигоҳ карда:
— Су кетир! (яъне об биёр) — гуфт.

Азбаски ҳаво гарм буду дарҳои синфро пӯшонда, фақат як дари даромадро кушода монда будем, ман гумон кардам, ки мудир мехоҳад ба рӯи фарши синф оби хунук зада салқинтар кунад. Бинобар он давида ба болохона баромадам, ки дар хонаи муаллимҳо сатили пуроб меистод. Мани даҳсола сатили пуробро базӯр бардошта, аз зинаҳо фуроварда, ба синф, ба назди мудир оварда монда будам, ки вай аз ҷо бархоста як шатронии обдоре ба рӯи ман зад, ки аз чашмонам оташакҳо париданд ва қариб буд, ки ба замин афтам.
— Офтобанӣ кетир! (офтобаро биёр) — фарёд зад мудир. Ман аз тарси ҷон боз сатилро бардошта ба болохона

пешина
аз 339
навбатӣ