Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

маро ба он ҷода расонида буд.

Падарам вақтҳои охир зуд-зуд бемор мешуд. Духтурҳо ҳар хел табобат мекарданд. Сӯзан мекарданд, дору мехӯронданд, ғизоҳои боқувват хӯрданонашро маслиҳат медоданд, аммо камтар фоида мебахшид. Ояҳоям ҳам ҳар дуяшон дар ду ҳавлӣ ҷо гирифта буданд. Ману бародарам Нуриддинҷону хоҳарам Масрураҷон дар хонаи баланди ҳавлии «Толорнок» ҷо гирифта будем. Нуриддинхон аз ман се сол калон, Масрураҷон панҷ сол калон буданд. Дар соли 1922 агар ман сездаҳсола бошам, хоҳарам ҳаждаҳсола шуда буд. Қадрас шудани хоҳарам калонсолонро ба ҳаракат овард. Аммаамон (модари Саодат), ки якто писари эрка ва бадгашт (арақхӯр, чилимкаш ва ҷавонбоз) доштанд, остонаи ҳавлии моро қариб сӯрох кунанд. Мехостанд, ки хоҳари маро ба писарашон Иноятхон ба занӣ гиранд. Аммо падарам розӣ набуд, бадгаштии Иноятхонро медонист. Лекин хешу таборон ва миёнаравон ба ҳолу ҷони падарам намонданд, падарам розӣ шуд. Ҳамаи расму русуми тӯйҳои пештараро ба ҷо оварданд. Дар ҳар ид, дар ҳар маросим аз тарафи аммаамон ба ҳавлии мо дастурхонҳо, боркашҳо меомад. Ниҳоят фотиҳа шуду баъд аз чанд гоҳ тӯй. Дуруст дар хотирам намондааст, ки тӯй чӣ тавр гузашт; албатта бо ҳамаи тантанаю домодбарию созандаҳою рақсу бозиҳо гузашт. Ҳатто дар хотирам ҳаст, ки ояҳо ба хоҳарам насиҳат медоданд.

— Пас аз тӯй агар додаронатон ба хонаи шумо раванд, ба иззати онҳо аз ҷо бархезед, шумо-шумо гуфта гап занед, навозиш кунед, то ки тарафи қудоҳо ва шавҳаратон онҳоро иззат кунанд.

Дар ҳақиқат хоҳарам дар ҳавлии худамон бо мо муомилаи хуш камтар мекард, мезад, ҷанг мекард, ту-ту мегуфт. Лекин пас аз тӯй ба хонаи калони орододашуда ва

пешина
аз 339
навбатӣ