Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

чимилиқаш ҳанӯз канда нашуда равам, хоҳарам, ки дар либосҳои фоҳира буд, ба ҳурмат аз ҷо бархост, маро иззату ҳурмат кард ва дар наздам дастурхон кушода, лаълии ширабор ва нонҳои равғанию ширмол гузошт. Ман ки ин тавр муомиларо дидам, ба хӯрок ва ширинию ҳалвою руста дарҳол начаспидам, камтар таматтӯъ карда берун рафтам.

Язнаам - Иноятхон хеле эрка ва пулмаст буд. Чизуҷораи толон нашудаи аммаамро фурӯхта, пул карда кайфу сафое дошт. Албатта рӯзу моҳҳои аввал бо хоҳарам нағз муомила мекард; лекин оҳиста-оҳиста ҳақорат мекардагӣ, ҳатто мезадагӣ шуда мондааст. Инро ман аз ҳамон донистам, ки падарам пас аз шаш моҳи тӯй хоҳарамро ба ҳавлии худамон овард ва дигар нагузошт, ки ба ҳавлии аммаам баргардад. Хоҳарам чанд гоҳ дар ҳавлии мо буд, ман намедонистам, лекин баъд фаҳмидам, ки обистан ҳам шуда будааст. Бинобар он боз ба хоҳиш ва орзӯиҳои аммаам ва тавбаю тазаррӯи худи Иноятхон, хоҳарам ба назди шавҳараш рафт. Дар ин миён (шояд аз ғаму ғуссаи хоҳарам) дарду касалии падарам зӯр кард ва ӯ бистарӣ шуда хобид. Ҳар рӯз духтурҳо меомаданд, дорую даво мекарданд, лекин бефоида буд. Рӯз то рӯз аҳволи падарам бад шудан гирифт ва ниҳоят дар тирамоҳи соли 1924 аз ҷаҳон чашм пӯшид - ӯро ба 41-солагӣ исқот бастанд. Дар ҳавлии мо гиряндагӣ ва доду фиғон баланд шуд. Он вақт хешу таборон бисёр буданд. Амаки Аминҷонмахсум, падари Саодат, язна ва амакбачаҳои бисёре, аҳли гузар ҷамъ шуда омаданд. Маросими дафн хеле бо дабдаба гузашт.

Ман ки ҳанӯз чаҳордаҳсола будам ва дар умри худ ҳанӯз дар оила мурдани касеро надида будам, он қадар ғамнок ва ғуссамарг нашудам. Гумон мекардам, ки худам мустақил (албатта бо ока ва ояҳоям) зиндагӣ карда мегардам.

пешина
аз 339
навбатӣ