Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
вақтҳои охир хеле дардманд шуда буданд, Қаҳрамонро ба интернат доданд, худашон бо Мисбоҳ, ки мехонд, дар ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд. Чи тавре ки дар боло қайд кардам, язнаам дар Бухоро аввал хеле арақхӯрӣ карданд. Баъд ба кӯқнор ва чакида гузаштанд. Дар Тоҷикистон боз чанд гоҳ арақхӯрӣ карданд ва боз ба чакида гузаштанд. Ҳамаи ин ва ҳаёти сахту бенавоёна он касро хеле ҷавон аз по афтонд. Ба дардҳои ҷигар ва меъда гирифтор шуданд. Дар вақти марг ба хоҳарашон Саодат васият кардаанд, ки Қаҳрамонро ба тарбияи худаш гирад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Язнаам дар синни 51-солагӣ вафот карданд, Қаҳрамонро мо ба тарбияи худ гирифтем. Мисбоҳ дар Янгибозор, дар ҳавлии худашон монд. Рӯзҳои бозор ба ҳавлӣ (ки дар рӯбарӯи бозор буд) аспу хари деҳқонони ба бозор омадаро дароварда, аз музди пули аспу харпой то ҳафтаи дигар зиндагӣ мекард ва дар кадом як техникум мехонд, мо ҳам албатта ёрӣ медодем. Пас аз хатми техникум Мисбоҳ ҳам ба ҳавлии мо омад ва ӯро ба факултети таърихи институти педагогӣ ҷо кардем.
Саодат — ҳамсари ман як хоҳари калонӣ дошт, ки ба писари амаки Бурҳониддини қозикалон — Усмонхон ба шавҳар баромада буд. Аз онҳо як духтару як писар — Ризвонхон ва Сулаймонхон ба дунё омаданд.
Мунъимахон (хоҳари Саодат) зани бадбахт ва сияхрӯзӣ будааст. Пеш аз инқилоб Усмонхон ҳамеша ба вай хиёнат мекард. Ҷавонбозӣ, ҷалаббозии, рӯйрост Мунъимахонро ба ҷон расонида буд. Мегӯянд, ки дар вақти дар кадом туман қоӣ буданаш мешунавад, ки зани як мулозимаш зебо будааст. Пас он мулозимро бо коре ба қишлоқи дур фиристода, шабона, бом ба бом ба ҳавлии он мулозим рафта мефарояд ва бадахлоқӣ мекунад. Ҳамин тавр шавҳари бевафо будаааст Усмонхон! Пас аз инқилоби соли 1920 Усмонхонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё