Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳабс мекунанд. Вай, гӯё аз тарафи модар ба Файзулло Хоҷаев хеш мешудааст. Бинобар он аммапошшо ба ҳавлии Файзулло Хоҷа рафта арз мекунанд ва халос карда шудани Усмонхонро хоҳиш мекунанд. Вале арзу додҳо фоида намебаҳшанд. Усмонхонро трибунал ба қатл ҳукм мекунад. Зани ҷавон бева шуда, фарзандон бепадар мемонанд. Овозаи зебоӣ ва паричеҳра будани Мунъимахонро Муҳиддинмахсум мефаҳмад ва хостгор мефиристанад. Он вақт Муҳиддинмахсум раиси «Атрофкомиссияси» (яъне Чекаи беруни шаҳрӣ) буд. Аз қамчинаш хун мечакид ва садҳо бегуноҳон дар ҳабсхонаи ӯ кину азоб медиданд.
Муҳиддинмахсум бо хунхӯрӣ ва разолати худ мардумро ба дод оварда буд. Ин ҳамаро аммапошшо ва Иноятхон (язна) ва дигар хешу таборон медонистанд. Бинобар он ба хостгорҳо ҷавоби манфӣ медиҳанд. Лекин Муҳиддин аз нияташ бар намегардад. Боз одам фиристода таҳдид мекунад. Агар Мунъимахонро ба занӣ надиҳанд, Иноятхонро ҳабс карда мепарронам, гуфтааст. Пас аммапошшо маҷбуран розӣ мешаванд. Муҳиддинмахсум як тӯйча карда Мунъимахонро ба занӣ мегирад. Вале аз тӯй се-чор моҳ нагузашта Мунъимахон ба бемории сил гирифтор мегардад ва ӯро бо ароба оварда ба ҳавлии модараш мепартоянд. Бо ҳамин Мунъимахони паричеҳраи ноком ҷавонмарг мешавад. Вафоти Мунъимахон аввалин азо ва мотами ҷонгудоз дар авлоди мо буд. Хурду калон сӯхтанд. Падари Саодат аз ғами духтари нокомаш дар андак вақт бемор шуда, қазо карданд.
Муҳиддинмахсуми хунхор хиёнат ва ҷиноятҳои бисёре карда, охир фош мегардад ва ӯро суд карда мепарронанд.
Ман образи ӯро дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»
чун Асадмахсум тасвир кардаам ва ҳамаи хиёнат ва ҷиноятҳои ӯро ба тафсил навиштаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё