САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Ба саволҳои расонаҳои анъанавӣ ва расонаҳои навин, қайд кардан зарур аст, каналҳои иттилоттӣ, ки дар расонаҳои нав ба ҳама дастрас мебошанд ба пайдо шудани шумораи заёди фэйкҳо оварда мерасонад.
Эъзоҳ: Фэйк (аз англисӣ гирифта шуда “Fake – “ сохта, бардурӯғ”) – дар маънои васеъ сохтакорӣ.
Кӣ ва чиро имрӯз «фэйк» мегӯянд:
Аксҳое, ки бо воситаи фотошоп ё зеҳеи сунъӣ сохтакорӣ карда шудаанд, видеороликҳое, ки махсусан барои ба гумроҳӣ бурдан васл карда шудаанд ё ин ки дигар ҳодисаҳо.
Мисол, видеои монтаҷ шуда чанд сол қабл ба навор гирифта шуда бошад дар ҳолати гузаронидани як амалиёти ҳарбӣ, наворро ҳамин тавр интишор мекунанд, ки гӯё воқеаҳои рузҳои охирин бошад.
Хабарҳои сохтакорӣ шуда, ки аз ҳақиқат ҳар кас фарқ карда наметавонад (пештар онро «овозаи дурӯғ, ҳозир бошад «партов» меноманд).
Варақҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз номи дигар одамон сохта шудааст (аз номи шахсони номдор).
А) яке аз мақсадҳои асосӣ – қаллобӣ. Он дар ҷамъ кардани маблағ, масалан, мисолҳо дар дарсҳо МИГ «мусобиқа» барои айфонҳо. Ҳамин тавр фэйкҳо барои зиёд намудани фурӯши маҳсулоти муайян, дар ин ҳолат тақризҳои бардурӯғ интишор мекунанд.
Б) мақсади фэйкҳо, ки ҷиддӣ бояд нигоҳ кард – иштибоҳ даровардан бо мақсади дар фазои иттилоот гумроҳ кардан. Мисоли дар боло оварда шуда амалиёти ҳарбӣ бо истифодаи видео, намоиш додани тамоман ҳодисаи дигар.
В) фэйкҳо бо мақсади зиёд кардани интиқол – шумораи зиёди тамошо, ба ин таллуқ доранд пайвасткунаки рекламавӣ (рекламнқе ссқлки) дар веб- сайтҳо: «Сенсатсия:
Путин вафот кардааст!», « + дар 2 ҳафта 50 кг вазн партофтааст, ту ҳам метавонӣ!» ва ҳоказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё